Омадӣ — рафтӣ ай духтари Нозанин

Ба сӯйи кулбаам, эй нозанин, дӯш омадӣ, рафтӣ,
Зи аҳволам напурсидиву хомӯш омадӣ, рафтӣ.
Сухан ногуфта биншастӣ, харобат ман, кабобат ман,
Зи ҷоми ҳусн май нӯшида, беҳуш омадӣ, рафтӣ.
Чу булбул нолаи зори ман, эй бераҳм, нашнидӣ,
Ба ранги ғунчаи гул пунба дар гӯш омадӣ, рафтӣ.
Сарат гардам, куҷо омӯхтӣ ин дардмандиро?
Гиребончоку бепарво кулаҳпӯш омадӣ, рафтӣ.
Масал шуд сарв ҳамчун Сайидо бар бесарупойӣ,
Ба сайри бӯстон то ҷома бардӯш омадӣ, рафтӣ.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед