Умари Хайёом — шеъру рубоиёт

207
Чонам ба фидои он, ки у ахл бувад,
Сар дар кадамаш агар нихи, сахл бувад.
Хохи, ки бидони ба якин дузахро,
Дузах ба чахон сухбати ноахл бувад.

208
Чандон караму лутф зи огоз чи буд?
В-он доштанам дар тарабу ноз чи буд?
Акнун хама дар ранчи дилам мекуши,
Охир чи гунох кардам, боз чи буд?
209
Чун чуди азал буд, маро нишо кард,
Бар манн зи нахуст дарси ишк имло кард.
В-он гох курозарезаи калби маро,
Мифтохи дари хазонаи маъно кард.
210
Чун рузиву умр бешу кам натавон кард,
Дилро ба чунин гусса дижам натавон кард.
Кори ману ту, чунон раъйи ману туст,
Аз мум ба дасти хеш хам натавон кард.
211
Чун ризки ту он чи адл кисмат фармуд,
Як зарра на кам шавад на хохад афзуд.
Осуда зи хар чи нет мебояд буд,
В-озода зи хар чи хаст мебояд буд.
212
Чун кор на бар муроди мо хохад буд,
Андешаву чахли мо кучо дорад суд?
Пайваста нишастаем дар хасрати он-к
Дер омадему рафт мебояд зуд.
213
Чун нест дар ин замона суде зи хирад,
Чуз бехирад аз замона бар намехурад.
Пеш ор аз он, ки хирадамро бибарад,
Бошад, ки замона суи бех нигарад.
214
Холи гулу мул бодапарастон донанд,
На тангдилону тангдастон донанд.
Аз бехабари бехабарон маъзуранд.
Завкест дар ин шева, ки мастон донанд.
215
Хуррам дили он касе, ки маъруф нашуд,
Дар футаву дар атласу дар суф нашуд.
Симургваш аз сари ду олам бархост,
Дар кунчи харобаи чахон буф нашуд.
216
Хуршед каманди субх бар бом афканд,
Кайхусрави руз бода дар чом афканд.
Май хур, ки муаззини сабухихезон,
Овозаи «Ишрибу» дар айём афканд.
217
Хуш бош, ки олам гузарон хохад буд,
Рух аз паи тан наъразанон хохад буд.
Ин косаи сахро, ки ту бини, фардо,
Зери лагади кузагарон хохад буд.

218
Хуш бош, ки гусса бекарон хохад буд,
Бар чарх кирони ахтарон хохад буд.
Хиште, ки зи колаби ту хоханд задан,
Бунёди сарои дигарон хохад буд.
219
Хуш бош, ки мохи ид нав хохад шуд,
В-асбоби тараб чумла наку хохад шуд.
Мах зарду хамидакадаму логар шуду суст,
Ночор аз ин ранч фуру хохад шуд.
220
Хайём, агарчи хиргахи чархи кабуд,
Зад хаймаву дарбаст дари гуфтушунуд.
Чун шакли хубоби бода дар чоми вучуд,
Сокии азал хазор хайём намуд.
221
Додам ба умед зиндагони барбод,
Нобуда зи умри хештан рузе шод.
З-он метарсам, ки умр амонам надихад,
Чандон, ки зи рузгор бистонам дод.
222
Дар оташи сузанда агар ахл бувад,
Он оташи сузанда бар у сахл бувад.
Бо мардуми ноахл мабодат сухбат,
К-аз хар чи батар сухбати ноахл бувад.
223
Дар дил натавон дарахти андух нишонд,
Хамвора китоби хуррами бояд хонд.
Май бояд хурду коми дил бояд ронд,
Пайдост, ки чанд дар чахон бояд монд.

Муаллиф: >

Шарҳи худро нависед