Умари Хаём — Рубоиёташ — 3
156
Он косагаре, ки косаи сарҳо кард,
Дар косагари санъати худ пайдо кард.
Бар хони вучуди мо нагун коса ниҳод,
В-он косаи сарнагун пур аз савдо кард.
157
Он кас, ки замину чарху афлок ниҳод,
Бас дог, ки у бар дили ғамнок ниҳод.
Бисёр лаби лаълвашу руи чу моҳ,
Дар зери замину ҳуққаи хок ниҳод.
158
Онҳо, ки ҳикмат дурри маъни суфтанд,
Дар зоти худованд суханҳо гуфтанд.
Сарриштаи асрор надонист касе,
Аввал занаҳе заданду охир хуфтанд.
159
Онҳо, ки ба хоки марг сар боз ниҳанд,
То хашр магар зи қили худ бозраҳанд.
То кай гуи, ки кас хабар боз надод?
Чун бехабаранд аз чи хабар боз диҳанд.
160
Онҳо, ки ба кори ақл дармекушанд,
Ҳайот…., ки чумла гови нар мечушанд.
Он беҳ, ки либоси аблаҳи дарпушанд,
К-имруз ба ақл тарра менафрушанд.
161
Онҳо, ки ба коми дил чаҳон доштаанд,
Ноком чаҳон ба чой бигзоштанд.
Ту пиндори, ки човидон хоҳи буд,
Пеш аз ту ҳам эшон чу ту пиндоштанд.
162
Онҳо, ки хулосаи чаҳон эшонанд,
Бар авчи фалак буроқи фикрат ронанд.
Дар маърифати зоти ту монанди фалак,
Саргаштаву сарнагуну саргардонанд,
163
Онҳо, ки замин зери қадам фарсуданд,
В-андар талабаш ҳар ду чаҳон паймуданд.
Огоҳ наям аз он ки эшон ҳаргиз
З-ин ҳол чунон ки ҳаст, огоҳбуданд.
164
Онхо, ки куҳан шуданду онҳо, ки навад,
Ҳар як паи якдигар якояк бишаванд.
В-ин мулки чаҳон ба кас намонад човид,
Рафтанду равем боз оянду раванд.
165
Онҳо, ки муҳити фазлу одоб шуданд,
Дар кашфи улум шамъи асҳоб шуданд.
Раҳ з-ин шаби торик набурданд бурун,
Гуфтанд фасонаеву дар хоб шуданд.
166
Онҳо, ки дар омаданду дар чуш шуданд,
Ошуфтаи нозу тарабу нуш шуданд.
Хуранд пиёлаву хомуш шуданд,
Дар хоби адам чумла ҳамогуш шуданд.
167
Оварад ба изтирорам аввал ба вучуд,
Чуз ҳайратам аз ҳаёт чизе нафузуд.
Рафтем ба икроҳу надонем чи буд,
З-ин омадану будану рафтан мақсуд?
168
Ачром, ки сокинони ин айвонанд,
Асбоби тарадуди хирадмандонанд.
Хон то сари риштаи хирад гум накуни,
К-онон, ки мудаббиранд, саргардонанд.
169
Аз омаданам набуд гардунро суд,
В-аз рафтани манн чоху чалолаш нафузуд.
В-аз хеч касе низ ду гушам нашунуд,
К-овардану бурдани ман аз баҳри чи буд.
170
Аз дафтари умр пок мебояд шуд,
Дар чанги ачал ҳалок мебояд шуд.
Эй соқии хушкилиҳо, ту хушдил мебош,
Обе дардеҳ, ки хок мебояд шуд.
171
Аз рафта қалам ҳеч дигаргун нашавад,
В-аз хурдани гам ба чуз чигар хун нашавад.
Гар дар ҳама умри хеш хубона хури,
Як қатра аз он, ки ҳаст, афзун нашавад.
172
Аз май тарабу нишоту марди хезад,
В-аз табъи канаб хушкиву сарди хезад.
Гар бода хури, ту сурхру хоҳи шуд,
К-аз хурдани сабза руйзарди хезад.