Ҷомеву бутеву ошиқӣ — хуш ҳолест

Шоир набувад, ҳар он ки девон дорад,
Зебо набувад, ҳар он ки марҷон дорад.
Ошиқ набувад, ҳар он ки дар хилвати шаб
Паймонаи май ба ҷои паймон дорад.
Он гаҳ ки ба сина шӯришу туғён аст,
Аз шодӣ хурам бода, ки он дармон аст.
Ҷоме, ки ба ёди дӯстон бардорам,
Ширин ба мисоли чеҳраи онон аст.
Дар сабзаи навбаҳор хобам бурдаст,
Савдои гуле сари ҳисобам бурдаст.
Савдои гуле сари ҳисобам чӣ кунад?
Дороию давлати шабобам бурдаст.
Хайём, суханҳои ту нотакрор аст,
Ҷоми хиради ту ҷовидон саршор аст.
Ҳар кас, ки нахурд ҷоми ту, мастӣ кард,
Ҳар кас, ки бихурд, оқилу ҳушёр аст.
Ҷомеву бутеву ошиқӣ — хуш ҳолест,
Соле, ки гузашт бо хушӣ, хуш солест.
Хайём, ба ҳар замона дар базми хирад
Ҷоми ту пур аст, лек ҷоят холист.
Ин субҳ давоми шоми чун зиндон аст,
Ин ханда нишони дидаи гирён аст.
Ҳар чизи наве, ки ҳозирон ёфтаем,
Гумкардаи рафтагони пурармон аст.
Мо ҳалқаи байни авваДу анҷомем,
Парвардаи асри бисту шири хомем.
Хайём, кӣ гуфт, буда безурёте,
Модом ки мо шаҳписари Хайёмем?!
Эй хок, туро ба ашки худ нам кардем,
То бар сари ту мотами нав кам кардсм.
Мо доғи туро ба хуни дилҳо шустем,
То санги туро ҳайкали одам кардем.
Ҳайф асг, агар умр шикоре бошад,
Озод зи дарду догу оре бошад.
Дар пайраҳаи ҳаёт по мондани мо
Айб аст, агар қадамшуморӣ бошад.
Борон чу гирист, гиря бунёд бикун,
Тундар чу фиғон кашид, фарёд бикун.
Ҳар гоҳ ситорае фитад аз гардун,
Эй ёр, ситораи маро ёд бикун.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед