ҶОМИ ХАЙЁМ Рубоиёт

Онон, ки забонй офаринам хонанд,
Барчоши такаллуф ба сарам афшонанд,
Дар зиндагиям ба ҷои гул хор диҳанд,
Чун даргузарам, ба гури ман гул монанд.
Ду панҷаи ман ба мӯи ту шона нашуд,
Девонагиям дар ишқ афсона нашуд.
Ду хонаи чашми ман фурӯ рафт ба об,
Ҳайҳот, ки чашми гу ба ман хона нашуд.
Афсӯс ҷавониям, ки бигзашту бирафт,
Чун мурғ ба рӯи бом биншасту бирафт,
Дар ҷӯяи хушкидаи ожанги рухам
Тухми аламу ҳасрату ғам кишту бирафт.
Онҳо, ки ба ҷоҳу мансабе мағруранд,
Аз илму адаб ҳазор фарсах дуранд.
Мо чашми замонаем гӯянд, вале
Чун нек назар кунем, баъзе кӯранд.
Бечорааму ҳазору як чора кунам,
Дилро паи дилшиносӣ овора кунам,
3-он чӯб, ки аблаҳе тарошад тобут,
Болор ба хона ё ки гахвора кунам.
Эй ёр, ғами ту мегудозад ҷонам,
Чун шаршараҳо гиря кунад чашмонам.
3-он пеш, ки зиндагонӣ аз сар монад,
Бигзор, ба рӯи синаат сар монам. 
Эй дӯст, ба ҳам дил накушудем, дареғ!
Мастона суруде насурудем, дареғ!
Ҳамсояи дар ба дар агарчи будем,
Ҳамсояи дил ба дил набудем, дареғ!
Аз пайраҳа сӯи шоҳраҳ омадаам,
Аз заҳмати чаҳ ба мулки маҳ омадаам.
Чандон ба ман ихлос ба покӣ мабаред,
Бар мулки савоб аз гунаҳ омадаам.
Аз оташи чӯби хушк тар месӯзад,
Аз оташи ақли тунд сар месӯзад.
Эй ишқ, ту оташе, ки дудат нур аст,
Нурест, к-аз он ҷону ҷигар месӯзад.
Ин умр, ки чун .оби равон мегузарад,
Аз раҳгузараш пиру ҷавон мегузарад.
Ҳарчанд ту оҳиста варо сарфа кунӣ,
Пинҳону аёну барқсон мегузарад.
Бар ошиқ агар зи ёр ҷабре ояд,
Аз толеи хеш шикваҳо бинмояд.
Шоир чу ба ихлоси халоиқ насазад,
Аз хомаи хештан биранҷад бояд.
Як умр зи бедоди ҷаҳон дод задам.
То беғаму дард як дами шод задам.
То хуб расам ба орзуи дили хеш
Ҳар орзуе, ки буд, барбод задам.
Рӯзе, ки аҷал барад маро аз дунё,
Аз дидаи хуршед шавам нопайдо.
Бо пирии худ ҷаҳон ҷавон хоҳад монд,
Бе будани ман хушк нагардад дарё.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед