Ҷон

Ту меоӣ рӯзе ёр вале ҷон меравад аз ман
Ту меоӣ сози ман ки шеърам меравад аз ман
Садои дилнишини ту расад рӯзе дар гӯшам
Садои ту дар гӯшам садоям меравад аз ман
Ту рӯзе дарк хоҳи кард дили ошуфтаи манро
Ту раҳпоӣ ишқи ман вале ишқ меравад аз ман
Ту сад дар мекушоӣ боз вале дарҳои дигар ро
Ту дар меҷӯӣ ҷони ман ки дарҳо меравад аз ман
Ту меҷӯӣ маро ҳардам ки ман бо марг меҷангам
Ту меёби маро рӯзе вале ҷон меравад аз ман
Ба вақти марги Масъӯд ту ҳамчун ҷон меоӣ
Вале ман дар хоки сард ҷисмам меравад аз ман

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед