Он май, ки дӯш соқии мо дар пиёла кард

Он май, ки дӯш соқии мо дар пиёла кард,

Тадбири зӯҳди зоҳиди ҳафтодсола кард.

Бо ҷони ташнагони ғамат бодаи сабӯҳ,

Кард он чи дӯш бо гули сероб жола кард.

Дар боғи даҳр ғунчаи рӯйи ту то шукуфт,

Бас ҳуни дил, ки дар дили хунини лола кард.

Ҳаргиз ба сӯйи мо нанавиштӣ ту номае,

Бо он, ки дил ба номи ту чандин рисола кард.

Туғронависи ҳусн ба дорулқазои ишқ

Бе май нарафт, номи ту андар пиёла кард.

Бар як навишт котиби девони оразат

Ҳар бӯсае, ки чашми ту моро ҳавола кард.

Хун гашт ҷони Ҳофизи мискини хастадил,

Аз бас, ки дар фироки лабат оҳу нола кард.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед