Он турки паричеҳра

Он турки паричеҳра, ки дӯш аз бари мо рафт,

Оё чӣ хато дид, ки аз роҳи хато рафт?

То рафт маро аз назар он чашми ҷахонбин,

Кас воқифи мо нест, ки аз дида чиҳо рафт.

Бар шамъ нарафт аз гузари оташи дил дӯш,

Он дуд, ки аз сӯзи ҷигар бар сари мо рафт.

Дур аз рухи ту дам ба дам аз гӯшаи чашмам,

Селоби сиришк омаду тӯфони бало рафт.

Аз пой фитодем, чу омад ғами ҳиҷрон,

Дар дард бимурдем, чу аз даст даво рафт.

Дил гуфт: «Висолаш ба дуъо боз тавон ёфт»,

Умрест, ки умрам ҳама дар кори дуъо рафт.

Эҳром чӣ бандем, чу он қибла на ин ҷост,

Дар саъй чӣ кӯшем, чу аз Марва Сафо рафт.

Дӣ гуфт табиб аз сари ҳасрат,чу маро дид:

“ Ҳайҳот, ки ранҷи ту зи Қонуни Шифо рафт”.

Эй дӯст ба пурсидани Ҳофиз қадаме неҳ,

З-он пеш, ки гӯяд, ки аз дори фано рафт.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед