Оне, ки ба қатли мо паи кин бошад

Оне, ки ба қатли мо паи кин бошад,
Якумр таҳи жолаи нафрин бошад.
Онҳо, ки ба батни модарон мемиранд,
Аз ҷаҳлу ҷаҳолати кадомин бошад?!
Гӯянд ҷаҳон барои инсон танг аст,
Ин бофтаи сарони бефарҳанг аст.
Дунё зи барои дӯстиҳост фарох,
Аммо зи барои душманиҳо танг аст.
Кори ҳама кас баробари ҳиммати ӯст,
Умри ҳама кас нишонаи қимати ӯст.
Даҳчанди қад аст ҳайкалу мақбара, лек
Қабри ҳама кас баробари қомати ӯст.
Чун рӯд барои хеш раҳ бикшоям,
Чун роҳ ба пои раҳравон сар соям.
Чун дашт ба рӯи каф гузорам дили хеш,
Чун хок гуноҳи ҳамаро бахшоям.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед