ҶОНИ МАСЧОҲӢ
Нуктае бояд бигӯям бар касе огоҳ нест:
Сахтҷонтар дар ҷаҳон аз мардуми Масчоҳ нест.
Дар дили ҷешил2 бирӯёнад насиби хештан,
Хок гардад дар баҳои як кафи хоки Ватан.
Эй басо «ҷӯи муаллақ» сохта – валлонаҳо,
То бирӯянд аз замири шахзаминҳо донаҳо.
Чашмаи байт аст ҳар сарчашмаи саршори ӯ,
Лаб занад рӯди Зарафшон гӯӣ аз ашъори ӯ.
Қурси нонаш хирмани моҳ асту қурси офтоб,
Дар кафи дасташ бигунҷад ин ҷаҳони хушку об.
Сахт ҳамчун лозури барф асту дарё офарад,
Нарм ҳамчун бӯи вешим асту таскин оварад.
Кам бувад гӯӣ, ки пеши пои меҳмон бедиранг
Гӯсфанде мекушад. На, на, зи роҳи ному нанг
Пеши пои меҳмони хуб худро мекушад,
Пойандозе ба пош аз пардаи дил мекашад.
Сад ҳазорон бор мемирад ба пои меҳмон
Лек бинӣ зиндатар аз ӯ набошад дар ҷаҳон…
* * *
Гар ишқи ту намебуд, будам хиҷил зи толеъ,
Гар ишқи ту намебуд, аз худ гусаста будам.
Дидори ту намебуд, дидори зиндагӣ – зишт,
Пайванди ту намебуд, ман дилшикаста будам.
Гар ишқи ту намебуд, ин сина чун биёбон,
На оҳи гул саҳаргаҳ, на бонги булбуле дошт.
Гар ишқи ту намебуд, ин дил чу кӯҳи мағрур
Пурганҷ буд, аммо дар худ таҳаммуле дошт.
Гар ишқи ту намебуд, будам зи худ пушаймон,
Гар ишқи ту намебуд, умрам пур аз гунаҳ буд,
Гар кӯи ту намебуд, бероҳа буд дунё,
Гар рӯи ту намебуд, рӯи ҷаҳон сияҳ буд.
Гар чашми ту намебуд, чашми замона бенур,
Гар зулфи ту намебуд, аз мӯй кай мадад буд.
Шӯри ғамат намебуд, шеърам намак намедошт,
Ёди рухат намебуд, худ зиндагӣ чӣ бад буд.
Гар ишқи ту намебуд, ман беситора будам,
Ҳарчанд дарду доғат аз ман ҷудо набуданд.
Оғӯши ту намебуд, ман дар канора будам,
Ғамҳои ту намебуд, ин шеърҳо набуданд…
* * *
Дар буттаҳои гул нашкуфта ғунчаест,
Дар нӯки шохҳо баргест вопасин.
Нашкуфта меравад он ғунча аз ҷаҳон,
Он барг мефитад рухзард бар замин.
Дар боғи тирамаҳ ҳузни димоғсӯз,
Ҷуз зардии хазон нақшу нигор нест.
Аз хашхаши хазон ояд навои дард,
Дар боғи тирамаҳ атри баҳор нест.
Бар фарши пурхазон бигзорӣ чун қадам,
Ҳар барг зери по афсӯс мехурад,
Яъне ки одамӣ аз созу барги умр
Рӯзе ки бигзарад, барге намебарад.
Холист дашту кӯҳ аз оҳи ошиқон,
Гӯё ки тирамаҳ ноошиқона аст.
Дилсардие агар дар ишқ кора кард,
Дамсардии хазон ӯро баҳона аст.
Дар чор фасли сол ошиқтарам ба ӯ,
Ин ҳам гуноҳи ман, ҳам бегуноҳияст.
Кай тарсад аз хазон ин ишқи бехазон
Чун ибтидои ӯ худ тирамоҳияст.
* * *
Дастро то осмон бардошта,
Ё фурӯ кӯбида бар минбар батардид
Нутқ мекардӣ чунон буррою гиро,
Ки дару девори маҷлисгоҳ меларзид.
Сомеон бишнидаву каф мезаданд,
Нутқи тӯлонию гӯё оташинат.
Ҷумлаҳои қолабиятро шунида
Ҷумла мегуфтанд аҳсант, офаринат.
Карда ангушти ишорат сӯи мардум
Пушти ҳам мечидӣ як милён санад,
То кунӣ тасхир ақли халқро
Халқ дар баҳри санад раҳгум занад.
1986