Оқибати ошиқӣ
Туро рӯзе ман аз тақдир медуздам,
Туро рӯзе ман аз ту мерабоям.
Ба мисли одамони болдори қиссаву афсонаҳо
Туро дар рӯи боли хештан мегираму
парвоз месозам.
Барои ту, барои ишқи ту
Бо қисмати худ шӯру исёни дигар оғоз месозам.
Зи зиндони таомулҳои аҷдодӣ,
Зи занҷири хурофотӣ,
Зи банди расму одатҳо,
Зи доми фарзу суннатҳо,
Зи ҷамъи ҳилаву буҳтон туро озод хоҳам кард.
Аз он савдогарони ҳусн,
Аз он хешони бевиҷдон,
Аз он кӯрони зебоӣ,
Аз он дунёи бесомон
Ба монанди балогардон туро озод хоҳам кард.
Барои ту
Замоне ман ҳам аз ин хонаву дар
Меравам берун.
Ба мисли ҳазрати Одам, ки аз ҷаннат
Барои донаи гандум бурун омад.
Барои ту
Зи ҳабси сарнавишти хеш
Рӯзе мегурезам.
Ва он сон к-аз худои Зевс
Прометей рабуд оташ,
Туро медуздам аз қисмат,
Ки рӯҳамро диҳӣ қудрат
Ва шаҳболи умедамро туӣ қувват…
1970
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ