Ормон
Ҷавониро фидо кардам, диёрам то ҷавон бошад,
Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад.
Чун аз ҳар ҷонибе сӯи Ватан боди ҳазорон омад,
Баҳорамро сипар кардам, ки эмин аз ҳазорон бошад.
Ман аз ин сарзамин тиру камонро дур бинмудам,
Ки андар осмонаш пурҷило тирукамон бошад.
Қасам бо шири модар хурдаам дар назди халқи хеш,
Ки бахту роҳи умраш ҳамчу шири модарон бошад.
Дилу рӯи кушодамро ба дунё пешкаш кардам,
Ки мулки кӯчакам дар чашми дунё бекарон бошад.
Ба минбарҳои болои ҷаҳон бурдам забонамро,
Ки халқи хушзабонам бо ҷаҳоне ҳамзабон бошад.
Басо хори кашида, ғунчаи умед парвардам,
Ки хориро набинад ин диёру гулфишон бошад.
Маро ҳар боғ пайғомест аз гул кардани дилҳо,
Маро ҳар мазраи сабзе зи сарсабзи нишон бошад.
Бувад нонрезаву нони Ватан болои чашмонам,
Дилам ҳамрози пирону аниси тифлакон бошад.
Кунам тоҷи сари дунё дилоро Тоҷикистонро,
Зи тахту тоҷи ин дунё ҳаминам ормон бошад.