Орзуи рӯйи ту буд

Дӯш лар ҳалқаи мо қиссаи гесӯйи ту буд,

То дили шаб сухан аз силсилаи мӯйи ту буд.

Дил, ки аз новаки мижгони ту дар хун мегашт,

Боз муштоқи камонхонаи абрӯйи ту буд.

Хам афуллоҳ сабо к-аз ту, паёме овард,

В-ар на дар кас нарасидем, ки аз кӯйи ту буд.

Олам аз шӯру шари ишқ хабаре ҳеҷ надошт,

Фитнаангези ҷаҳон ғамзаи чодуйи ту буд.

Мани саргашта ҳам аз аҳли саломат будам,

Доми роҳам шикани турраи ҳиндуйи ту буд.

Бикушо банди қабо, то бикушояд дили ман,

Ки кушоде, ки маро буд, зи паҳлуйи ту буд.

Ба вафои ту, ки бар турбати Ҳофиз бигузар,

К-аз ҷаҳон мешуду дар орзуи рӯйи ту буд.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед