ОРЗӮИ АДОЛАТ (Умед)

Касе дар асл бовиҷдон агар содир гуноҳе кард,
Давоми ҷумлаи умр аз надомат оҳу воҳе кард.

Аз ин боис зи озурдан ҳаловатхона меҷӯяд,
Адолатро ба ҳар коре сари олӣ гувоҳе кард.

Ибодат ном додаст ӯ ҳама хайру саховатро,
Дами ҷанги разолатҳо заковатро салоҳе кард.

Ба сӯи дӯст дорад косаи оби зулолеро,
Аторо боа но тавсиф намуда, шумсу моҳе кард.

Қашад заҳмат барои халқу аз ҷонаш гузар дорад,
Қашад хоки ватан бар чашму онро сачдагоҳе кард.

Замони санҷиши айём хар боре кашад бар дӯш,
Зарурат ояд ар, сарро дар ин раҳ гарди роҳе кард.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед