Ошиқ

Ошиқ зи ҳаҷри дилбар чун шамъсон сӯзад,
Аз ҳасрати нигоҳаш дил дар фиғон сӯзад,
Чун булбули саҳархез дар бустон сӯзад,
Дилдор рӯзи аз ишқ чун дилбарон сӯзад,
Аз ҷабри дилбари ман дил ошиқон сӯзад.

Аз оби дидагонам дил сӯхт эй навозиш,
Бо нолаҳои бисёр дил гашт ришу ҳам риш,
Эй дилбари хиромон аз ишқ боши ту пеш,
Ин нолаҳои ҷонсӯз аз рафтани ту эй хеш,
Бе аҳди ту диламро чун мурғакон сӯзад.

Аз осмони ишқат парвоз чун кабӯтар,
Шоди надидаам ёр дил аз бари ту дилбар,
Шамъи рухи ту эй ёр дар осмон чу ахтар,
Дарди ҷудоиямро баҳри ту бод хуштар,
Дил мекунад нола чашм аз зиён сӯзад.

Зи сӯзи ишқи ту Маҷнун ба дил доғи ҷигар дорад,
Зи шаб навмед машав эй ёр биё субҳи дигар дорад,
Шавад пайдо чу ман ошиқ вале у хуштар дорад,
Хиромон бош назди ӯ баҳори ту ба бар дорад,
Дил аз фироқат эй дӯст ҳар лаҳза ҷон сӯзад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед