ОШИҚ

Ҳазорон ҷон ба қурбон дора(д) ошиқ,
Фидокорест, паймон дора(д) ошиқ.
Фарози ҳафтгунбад кай писандад?
Макон дар кӯи ҷонон дора(д) ошиқ.

Ҳамеша ёди ҷонон аст ӯро,
Ҳамин як давру даврон аст ӯро.
Ба навмедӣ нишаста оҳ гуфтан
Беҳ аз тахти Сулаймон аст ӯро.

Нишинад, ёд созад, ёд созад,
Ба ёде хотири худ шод созад.
Ба пиндору хаёлу орзуҳо
Ҳаёти хешро обод созад.

Ба дидан рӯи хандон дора(д) ошиқ,
Ба пинҳон чашми гирён дора(д) ошиқ.
Ба мисли ашки модар софу сӯзон
Ба сина ишқи пинҳон дора(д) ошиқ.

Зи дунё номи нек уммедвор аст,
Зи фардо қисмати нек интизор аст.
Ба чашми ёр санҷад кори худро,
Ба ёди ёр ҳар ҷо раҳсипор аст.

Агар ҷонона аҳволаш наҷӯяд,
Ба ӯ аз меҳр як ҳарфе нагӯяд,
Ба дӯши ӯ бияфтад бори олам,
Надорад чора, танҳо оҳ гӯяд:

Дили ман, эй дили ман, соҳибат ку?
Ҳаводорат куҷо шуд, толибат ку?
Бурун аз базм чун тори гусаста
Хамӯшӣ, гӯй охир, мутрибат ку?

Дили шабзиндадоре дора(д) ошиқ,
Ғуруре, ифтихоре дора(д) ошиқ.
Ҷавонӣ, ошиқӣ, ҳиҷрону дидор…
Ҳаминҳо ёдгорӣ дора(д) ошиқ.

7.11.1963

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед