ОШИҚАМ МАН

Ошиқам ман,
Ошиқам ман,
Ошиқи афсуни чашмони сиёҳат,
Ошиқи лоли нигоҳи бӯсаҳоят.

Ошиқам ман,
Ошиқам ман,
Ошиқи масти навозишҳои нармат,
Ошиқи зори ҳамоғӯшии гармат.

Ошиқам ман,
Ошиқам ман,
Ошиқат, эй ҳамдилу ҳам қисмати ман,
Аз ту бодо ишқи поку исмати ман!

Ошиқам ман,
Ошиқам ман,
Кош, умре сар ниҳам бар шонаи ту,
Аз муҳаббат бишнавам афсонаи ту.

Ошиқам ман,
Ошиқам ман,
Нозанинат мешавам бо ноз ширин,
Дар дил аз ишқи ту дорам рози дерин.

Ошиқам ман,
Ошиқам ман,
Ошиқи ту, ошиқи ту, ошиқи ту,
То қиёмат содиқи ту, мушфиқи ту.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед