ОШНО
Касе хоҳад, ки санҷад ошноро,
Бифаҳмад баъдтар бад ошноро.
Ба дарё ғарқ шавад гар ошное,
Бубинад даст нагирад ошноро.
Суханчин ё хабаркаш, ё табаҳкор,
Барояд ҳар кӣ санҷад ошноро
Зи онноён ҷудо бе ошно беҳ,
Фаромӯш кун ҳамон бад ошноро
Набошад бад аз ӯ умед буридан,
Тамаъ мақсуд бошад ошноро.
Ба рӯзи сахт кас ошно надорад,
Ҷудо аз худ бубинад ошноро.
Ту эй дӯст, бо китоб кун ошной,
Ба ҷаннат он дарорад ошноро
Муаллиф: Раҷаббек Сайдзода Сарфароз
Шарҳи худро нависед