Шеърҳои ошиқӣ аз Лоиқ Шералӣ

Бимон, то дар дили покат дили ман ошён монад,
Бимон, дар чашмҳои ту ҷавониям ҷавон монад.
Ту бо он ҳусни оламгир аз олам чӣ мехоҳӣ?
Бимон, дар шеъри ман аз дарди ишқи ту
____   нишон монад.

Ба мисли хандаҳои обшорон хандаҳои ту,
Худодод асту нотакрор он ҳусни расои ту.
Кунам барчош ҳар як мисраъу
ҳар ҳарфи шеърамро
Шаби ҷашни арӯсият ба қадди дилрабои ту.

Туро мехоҳам, эй маҳтоб, дар шабҳои маҳтобӣ,
Туро чун хоб мехоҳам дар ин шабҳои бехобӣ.
Намеоӣ, намеҷӯӣ, вале баъди ҳазорон сол
Маро чун устухони Рӯдакӣ аз хок мекобӣ…

24.10.1967

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед