Осиёе ки пас аз навбати мо мегардад

Тирамоҳ омад, азизон, аз алам шеван занем,
Дар гами гулшан май андар шуълаи гулхан занем.
Осмон паст омада, гӯӣ ки бар сар мезанад,
Соғаре бемансабу бе баҳси мову ман занем.
Баргҳо чун қадри одам зери по афтодаанд,
Қадри ҳам ҷӯему сар дар кӯчаю барзан занем.
Офтоби тирамаҳ чун чашми пирон хира аст,
Хирагӣ то чанд? Боре бодаи равшан занем.
Оташи ишқе, ки мо афрӯхтем, обаш заданд.
Оби оташ деҳ, бар ин оташ зи нав доман занем.
Мо, ки суғдизодаем, оташпарастӣ кеши мост,
Хез, то аз оташи дил шуъла дар хирман занем!
1978
♦ ♦ ♦
Бевафоии ҳаёт аз бс вафоии ман аст,
Норасоиҳои бахт аз норасоии ман аст.
Гар ба мақсад мерасидам, роҳи ман кӯтоҳ буд,
Ин қадар раҳҳо дароз аз роҳпоии ман аст.
Гар замину осмон аз ҳам ҷудо афтодаанд,
Сурати як лаҳза аз ёрон ҷудоии ман аст.
Толеи ноошноям гар ба ман ёрй накард,
Айби нодилёбию ноошноии ман аст.
То нахурдам пешпо, бар роҳ нанмудам назар,
Шеърҳоям ғар дуруст аст, аз хатоии ман аст.
Дар сари ҳар мисрае гар ҷону дил кардам фидо,
Бар замону зиндагӣ ин ҷонфидоии ман аст.
* * *
Чархи гарданда. ки гирди сари мо мегардад,
Душмани мост вале дӯстнамо мегардад.
Дитсафедон ҳама ҷо рӯзи сиёҳе доранд,
Дар паси абр рухи моҳ сиё мегардад.
Барраи ҷингила то х> шк шавад дар хуршед,
Ғарка дар хуни худ аз пӯст ҷудо мегардад.
Одамизод чу хуршеди ҷаҳонпаймое
Ҳар қадар пеш равад, бот қафо мегардад.
Охи мо гар ҷигари чарх шикофид, чӣ суд?
Чӣ садохо. ки фаромӯши фазо мегардад.
Бо вуҷуди ҳама ин то ба абад гардон бод,
Осиёе, ки пас аз навбати мо мегардад.
1979

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед