Оташи дил мепарастам
Навбати ҳастӣ чу дорам, арзи ҳастӣ мекунам,
То даме, ки ақлу ҳушам ҳаст, мастӣ мекунам.
Оташи дил мепарастам, оташи дилҳои пок,
Ман ба ин маънй фақат оташпарастӣ мекунам.
Хоксориям баланд аз осмон бошад, аз он
Дар баландиҳои номатлуб пастӣ мекунам.
Гар наёбам даст бар домони мақсуди дилам,
Инқилобе бо ҳама кӯтохдастӣ мекунам.
Баъди мурдан ҳам нахоҳам рафт чун гард аз ҷаҳон,
Дар сари мижгони гул ҷои нишасте мекунам.
1986
Шарҳи худро нависед