ОВОЗИ ОЗАРБОЙҶОН

Боз меояд ба гуш овози Озарбойҷон,

Шодӣ орад нағмаи мумтози Озарбойҷон.

Қудрати ҳизби Ленин бахшидаш ин имкон ки шуд,

Кори Озарбойҷон эъҷози Озарбойҷон.

Дасти ҳизб акнун занад бар тори он мизроби меҳр,

Сози дигар дорад акнун сози Озарбойҷон.

Баҳри оташкуш бувад дар роҳи гулханбони ҷанг

Сулҳпарвар тӯдаи мумтози Озарбойҷон.

Тоза шуд рӯҳам зи дидори Самад, рӯи Раҳим,

В-аз ҳар устоди суханпардози Озарбойҷон.

Дӯстон, маҳкам нигаҳ доред марвориди дил!

Дуздадаш дилбозии Дилбози Озарбойҷон.

Ҷои кашад гардан, ки савти ошноро бишнавад,

Боз меояд ба гӯш овози Озарбойҷон!

 

 

 (Ба муносибати даҳаи адабиёташ дар Москва)

1950.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед