Падар Модар намеёбӣ

Молу давлат меёбӣ,
Падар Модар намеёбӣ,
Фурсат аз даст мадеҳ,
Ба аёдаташон парвоз бикун,

Онҳо сафар доранд,
Сафари барнагарданда доранд,
Ту наранҷон онҳоро,
Аз пушаймонӣ ҳазар намо,

Молу давлат меёбӣ,
Ин ганҷи нотакрор намеёбӣ,
Ту дили онҳоро биёб,
Муҳаббати ту дар ҳамон дилҳост,

Кадом кори муҳим дошта бошӣ ҳам
Аммо муҳим аз Падару Модар нест
Хоҳи ки корат ба баракат расад
Дуои Падар Модар бигир,

Молу давлат меёбӣ,
Осоиш дар дил намеёбӣ,
Ормону орзуи онҳоро ту иҷро намо
Орзуи туро Худо хоҳад амалӣ мекунад.

Ин лаҳзаро ғанимат бидон,
Ба аёдати Падар Модар биштоб,
Ту чашми онҳоро бингар,
Ки роҳи туро мунтазиранд



Шарҳи худро нависед