ПАДАРАМ, ВО ПАДАРАМ

Эҳдо ба равони тобноки
Муродуллоҳи Шерализода
Падарамро куштанд.
Осмоно!
Падаро!
Бепадароне падарамро куштанд.
Падари оқилу соҳибназарамро куштанд,
Падари қобилу соҳибҳунарамро куштанд.
Дилу ҷону ҷигарам сӯхт тамом,
Дилу ҷону ҷигарамро куштанд.
Осмон бо ҳама ахтарҳояш,
Ин ҷаҳон ба ҳама манзарҳояш,
Ин замон ба ҳама сарварҳояш
Тираву тор чу гӯристон аст,
Саҳару шом маро яксон аст.
Куллиёти ашъор 251
Шуълаи бому дарамро куштанд,
Нури шому саҳарамро куштанд.
Наъши хунини падар дар назарам,
Хоки олам ба сарам!
Ашки хунин бичакад аз басарам.
Тири ноҳақ, ки адӯ бар ҷигари ӯ зада буд,
Мехурад ҳар нафасе бар ҷигарам.
Ҷавҳари маънии дунё, падарам,
Падарам, во падарам, во падарам!
Ҳар гаҳ аз паҳлӯи гӯраш гузарам,
Ё ки бар сабзаи хокаш нигарам
Хешро хуфта дар оғӯшаш сард,
Хешро низ шаҳиде шумарам.
Шамъи ҷамъияти дилҳо буда,
Дар дили мақбара танҳо, падарам,
Падарам, во падарам, во падарам!
Падарамро куштанд –
Иршодгарамро куштанд.
Баҳри парвози баланде суи эъҷози баланд
Шоҳпарамро куштанд.
Осмоно!
Падаро!
Худ туӣ бедодгаро!
Ки на танҳо падарамро куштанд,
Миллати номварамро куштанд!
Ман дигар танҳоям,
Ман дигар бекасу бефардоям.
Сояам, сояи худфарсоям.
Падарам рафт, ба худ чун оям?
Осмоно!
Падаро!
Бебасаро!
Беҳунаро!
Падарамро, падарамро, падарамро куштанд,
Сипарамро, сипарамро, сипарамро куштанд.
8.3.1993

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед