ПАДАРНОМА

(Силсилаи шеърҳо)
ПАДАР
Вақти пирӣ бар падар роҳати ҷон лозим аст,
Як паноҳгоҳ аз ҳавои барфу борон лозим аст.
***
Ҳам зану фарзанди худ бошад ҳама хизматгузор,
Сайру гашт ҳар субҳидам дар боғу бӯстон лозим аст.
***
Дар наҳору чошт ҳам баҳри падар ҳангоми шом,
Гарм-гарм хар хел таом хӯрдан ба ёрон лозим аст.
***
Шаб падар берун барояд то бубинад пеши по,
Хонаву ҳам ҳавлии равшан чароғон лозим аст.

Гар падар реҳлат кунад рӯзе аз ин дори фано,
Баъди мурдан гоҳ-гоҳе хатми Қуръон лозим аст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед