ҶОМИ ХАЙЁМ Рубоиёт

Онон, ки забонй офаринам хонанд, Барчоши такаллуф ба сарам афшонанд, Дар зиндагиям ба ҷои гул хор диҳанд, Чун даргузарам, ба гури ман гул монанд.

Кӯбанд душманон таблу нақораҳо

Эй пора-пораҳо дар кӯҳпораҳо, Камшӯру камшуур, эй бешарораҳо, Эй камшумораҳо дар осмони ақл, Андар замини ҷаҳл, эй бешумораҳо, Аз вахдати худо то вахдати худй

Эй басо шеъри норасо гуфтам

Аз саманди замон пиёда шудам, Пиру афгору уфтода1 шудам. Ҷодаи шаҳр буд пур аз ман, Ин замон бартараф зи ҷода шудам. Дод, эй дод,

Ки ҳар остонаи мо аҷали дар остин аст

Ту биё ба пешвозам, ки фироқ дар камин аст, Бигузар зи раҳгузорам, ки гузашти ман яқин аст. Чу ба остонат оям, ба ман остин

Ту гулӯи чашма бастӣ худи ту зи ман бипурсӣ

Чӣ хабар? Чӣ ҷангу даъво? Ту напурсу ман нагуям. Кӣ шикаст муҳраи мо? Ту напурсу ман нагӯям. Кӣ бурид решаи мо? Кӣ бисӯхт бешаи

Фотиҳа бар мазори мо омад

Раҳми парвардигори мо омад, Нури ҳақ бар диёри мо омад. Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт, Сулҳи бунёдкори мо омад. Зиндагӣ сахттар зи мурдагӣ буд, Ҳотифи

Ишқи мунаввари ту дидор дар қиёмат

Рафтам ман аз бари ту, дидор дар қиёмат! Рафтам ман аз сари ту, дидор дар қиёмат! Эй паршикастаи ман, мисли уқоб бигзашт Ҳамболу ҳампари1

Ватанам

Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам, Будӣ байтушшарафам, гаштаӣ байтулҳазанам. Душманат чор тараф аҷнабию хонагиянд, Тани танҳо ба чӣ ниру сафи аъдо шиканам?

Даруни чашм мекушад нигоҳи шоиронаро

Кушед ин замонаро, ки мекушад таронаро, Даруни чашм мекушад нигоҳи шоиронаро. Замонаи ҳаринае чу кафши серпинае, Ба пинае намехарад нубуғи ҷовидонаро. Накошта қаламчае қалам-қалам

Зи наҳси осмон гуфтанду рафтанд

Бидуздиданд симу зар зи конҳо, Ҳама камбуди кон гуфтанду рафтанд. Бародарро зи кин куштанд, лекин Хато рафт аз камон гуфтанду рафтанд. Ба ҷурми хештан

Будед фиристагони миллат

Эй бознишастагони миллат, Эй болшикастагони миллат, Пайвандгарони дӯшу фардо, Азхешгусастагони миллат; Аз тарфи ҷаҳону зиндагонӣ, Эй тарфнабастагони миллат; Гоҳе таҳи бору гаҳ таҳи ор,

Лоиқ видоат карду рафз

Он лаъли дилхунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт, Он ёри маҳзунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт. Қолиб тиҳй созам агар зору ҳазин, ҷони падар,

Давлати ҳамситораҳо бошад

Кай ҳама ҷангу моҷаро гузарад, То азоби ману шумо гузарад? Ё Баҳоваддини балогардон, Ҳеҷ донӣ, ба мо чиҳо гузарад? Сад бало омадаст бар сари

Шеъри ман оташи ман

Дар дил он қадр, ки мақсуди ман аст, Ин ҷаҳон арсаи маҳдуди ман аст. Ҳар чӣ аз будани худ пай ҷустам, Жарф дидам, паи

Миёни чанд дақиқа шикаста пир шудам

Нишони сармадӣ ҷустам, нишони тир шудам, Ғарибу бекасу бечораву фақир шудам. Агарчи шери ҳузарбам, тазоди қисмат бин, Ба дасти як саги дунболагар асир шудам.

Ин қадар зиллату хорӣ накашидаст

Ҷабри таърих ягон қавм надидаст, ки мо, Заҳри таърих нажоде начашидаст, ки мо. Миллате зери фалак бо ҳама фарҳанги сутург Ин қадар зиллату хорӣ

Ватан асту мадори ҷону тан аст

Ҳар чӣ дорам дар ин ҷаҳон Ватан аст, Ватан асту мадори ҷону тан аст. Гунаҳи мост, ҳолия ин хок Мадфани мурдагони бекафан аст. Бо

Давлати мо зи бениёзӣ буд

Сари мо сарфи сарфарозӣ буд, Дили мо раҳни дилнавозӣ буд. Мо набигдохтем фӯлоде, Қисмати мо ки дилгудозӣ буд. Мо ба нозе ҷаҳон фурӯхтаем, Давлати

Аз сафхаи барги гулат хондам ғазалҳои дилат

Эй асли девони ғазал, шод омадӣ. шод омадӣ, Нақди дилу ҷон дар багал шод омадӣ, шод омадӣ. Бунёди ғамҳо сӯхта, ҷони маро афрӯхта, Бар

Мурғе намесарояд дар ошёни модар

Фаввора мезанад хун аз дидагони модар, Эй вои ҷони модар, эй вои ҷони модар. Баҳри нажоди миллат, баҳри наҷоти миллат Беному бенишон шуд ному

Бо чашми хеш дида заволи ягонагӣ

Ношукрии ишқ аст ҳамин пир шуданҳо, Дил додаву дил бурдаву дилгир шуданҳо. Ҷон додаву ҷон канда ба ҷонон нарасидан, Аз ҷони худу ҷони ҷаҳон

Гирифта бекарории шаборӯзонаи дарё

Қарорам нест дар ёди паридарё, вуҷудамро Гирифта бекарории шаборӯзонаи дарё. Диламро бишканад ҳар дам шикан андар шикан гесӯш, Нанолам чун зи бозии ситамкешонаи дарё.

Дарё

Қароре нест азбас дар талотумхонаи дарё, Биё, бинҳем лабро бар лаби паймонаи дарё. Чу бар афсонаи умри гурезон эътимоде нест, Биё, эй дил, даромезем

Ватан

Эй миллати хобида. бистезу талоше кун! Эй қавми ҷафодида, бистезу талоше кун1 Эй охи гиреҳхурда дар ҳанҷараи таърих, Эй ҷони ҳаросида, бистезу талоше кун!

Сад ҷон бифишонӣ ҳам қадри ту намедона

Ором нахоҳад шуд душманкадаи дунё, Аз хеш наёсояд кулфатзадаи дунё. Сад ҷон бифишонӣ ҳам, қадри ту намедонад Ин колбади хушки нафриншудаи дунё. Дидему бисанҷидем

Дар қуллаи армонҳо парчам нашудам

Зода шуда аз Одам, одам нашудам, афсӯс, Дар олами инсонӣ олам нашудам, афсӯс. Дар печухами дунё бас печу хаме хурдам, Дар қуллаи армонҳо парчам

Гарчи сад захми паёпай хӯрдаӣ аз рӯзгор

Зинда бош, эй дил. ки бо ман созгорастӣ ҳанӯз, Лолае андар миёни шӯразорастӣ ҳанӯз. Гарчи сад захми паёпай хӯрдаӣ аз рӯзгор, Марҳаме бар захмҳои

Як боғи пур аз имон якбора бишуд толон

На мову на ман ҳастӣ, ин мову манихо чист?! Дандон зада бар дандон. дуниву даниҳо чист! Аз хеш нарафтӣ дур, то хеши диле ёбӣ,

Зиндаги

Сарбузурги боғи нурмева дарахти бед шуд, Шамъи мурда ҳокими манзумаи хуршед шуд. Зиндагон бар мурдареги зинда1ӣ жӯлидаанд, Зиндагй аз зиндагонӣ буданаш навмед шуд. Зиндагию

Зиндаги

Мурдагон дар гӯр кай берун зи дунё будаанд?! Дар чахони бемуаммо пурмуаммо будаанд! Бебасират. лек сӯйи мо назар мекардаанд, Безабону дар забон узри гунаххо

Шеър

1. Ишора ба шеъри машхури Ҳазрати Иқбол «Аз хоби гарон хез!», ба вижа байти зерин: Аз Ҳинду Самарқанду Ироку Ҳамадон хез, Аз хоби гарон,

Фарҳанг

Мулк сангистону мо бесангарем, Сар ба сар сардору мо бесарварем. Пунбадаргӯшем мову рахбарон, ЧУНКИ МО халқони пунбапарварем. Фахри мо бошад сари боми Ҷаҳон, Хок

Оташ

Яшму лаълу мармари мо мезананд. Порае аз пайкари мо мезананд. Мушт агар пушти дари мо мезананд, Рахнае бар масдари мо мезананд. Мо зи кӯрй

Ҷониби кӯҳ садо гар задӣ

Он ки аз кокули ту бӯйи вафо нашнидаст, Пайке аз дойираи дори бақо нашнидаст. Ҷониби кӯҳ садо гар задӣ, пажвок ояд, Касе аз санги

Инсон

Боло нигар, пойин нигар, зиндони виҷдон омада, Бар худ бибин, бар ӯ нигар, фукдони имон омада! Муҳри ғуломӣ дар ҷабин, хуни ғуломӣ дар бадан

Хуршед

Дидан ҳама касрову надидан — назари мост, Чидан ҳама гулрову начидан — самари мост. Бори ҳама айём кашидан ба сари дӯш, Бори дили худро

Шоҳ

Ошу нонат чун адо шуд, ошноят меравад, Аз наво чун бозмондй, ҳамнавоят меравад. Шохиди ранги муҳаббат ҳар нафас аз боғи дил Гул наерӣ, дилбари

Дунё

Бо худи худ ҳам қарибам, ҳам рақиб. Худфиребам, худфиребам, худфиреб! То зи худ бегона, бо бегона хеш. Пурниҳебам. пурниҳебам, пурниҳеб! То фарози осмон гар

Ба дунё омадӣ

Ба дунё омадӣ, найраш и дунёро намедонй. Тамошо омадӣ, тарфи тамошоро намедонӣ. Зи соҳил сар ба дарё мезанӣ чун кӯдакони хом. Зи бас дандони

Дӯстам

Дӯстам, айём хорат кардааст, Тундкпрӣ кундкорат кардааст. Амру фармони ду-се чавкисавор Уштуросо зери борат кардааст. Ҳар мадорое, ки кардӣ бо замон, Безамонат, бемадорат кардааст.

Ҳар ки дилро об созад бар сараш резанд об

Одамон бисёр, аммо якдилу якрӯ куҷост? Шоирон афзун, вапскин шоири ҳақгӯ куҷост? Ҳар ки дилро об созад бар сараш резанд об, Обрӯе, ки дихй

Дунё

Дунёи бекарона зебост бо тарона, Бо шеъри ошиқона, бо ишқи шоирона. Дунёст гар ягона, бо ақли оқибатбин Посаш надорӣ, ёбӣ дунёи посгона. Дар хок

Надидаед чу як бор ҷанги рӯёрӯй

Ало. Девони Мавлоно, маро ту зинда хоҳй дошт. Шумо, шикастабаҳоён, маро чӣ медонед? Шумо, бузургифурӯшон, маро чй медонед? Надидаед чу як бор ҷанги рӯёрӯй,

Ба зери сангҳои собиту сайёри гардунҳо

Ало, шеъри Аҷам, фардо маро ту зинда хоҳӣ дошт, Ало, шӯри дили дунё, маро ту зинда хоҳӣ дошт. Ба зери сангҳои собиту сайёри гардунҳо

Гиря кардам шомҳо бар мотами ноёбҳо

06 хурдам умрҳо аз косаи гирдобҳо, Тоб хурдам солхо дар дасти оҳантобҳо. Ханда кардам рӯзҳо бар зиндагони бемазоқ, Гиря кардам шомҳо бар мотами ноёбҳо.

Оташи дил мепарастам

Навбати ҳастӣ чу дорам, арзи ҳастӣ мекунам, То даме, ки ақлу ҳушам ҳаст, мастӣ мекунам. Оташи дил мепарастам, оташи дилҳои пок, Ман ба ин

Бандаи додхоҳро монам

Пеши ту дарду оҳро монам, Бандаи додхоҳро монам. Рӯ ба рӯ бо нигоҳи сафшиканат Кишвари бесипоҳро монам. Гарчи пушту паноҳи ман ишқ аст, Яккаи

Ҳар нафас бикшоям

Ҳар нафас бинам зи чашми шӯхи ту нози дигар, Ҳар нафас бикшоям аз даври лабат рози дигар. Ҳар кадар бо ту бубинам кишвари афсонае,

Хотирам ҷамъ аз ғами ҳар будаву нобуда буд

Гар намедонистамат, шояд дилам осуда буд, Хотирам ҷамъ аз ғами ҳар будаву нобуда буд. Гар намедидам туро бо ташнагиҳои дилам, Роҳу умрам беумеду орзу

Аз раҳи такдири ту уммеди ман ғофил гузашт

Рафтию дар хотири ман чашми зебои ту монд, Рафтию дар кунҷи холии дилам ҷои ту монд. Аз раҳи такдири ту уммеди ман ғофил гузашт,

Аз тару тозагият шеъри тарам месӯзад

Чу кушой дари ман, бому дарам месӯзад, Рӯ ба рӯям бинишинӣ, ҷигарам месӯзад. Ту тару тозатар аз шеъри таболудаи ман, Аз тару тозагият шеъри

Ё агар буд, андуҳу дарди гуворое надошт.

Зиндагиям бе шукӯҳи ишқат орое надошг, Ҳамчу шаҳри мурдагоне буд, овое надошт. То набудӣ, гӯиё дар синаи ман дил набуд, Ё агар буд, андуҳу

Чун бод занад панҷа бар зулфи парешонат

Ман ошиқи беёдат, эй ҳусни худодода, Беёдаму дар ёдат, эй ҳусни худодода. Чун бод занад панҷа бар зулфи парешонат, Ман куштаю барбодат, эй ҳусни

Рамзошнои ишқем он қадр к-аз сари сӯз

То дилфурӯз омад ишқи дубораи мо, Дар осмон дурахшид аз нав ситораи мо. Рамзошнои ишқем он қадр, к-аз сари сӯз Дил метапад шабу рӯз

Бо ёди рӯи ту дили ман хунчакон шуда

Ҷоне, ки ҷон ба ҷони ту буд, нимаҷон шуда, Андар макони хеш дилам ломакон шуда. То рӯи хунчакони туро ёд мекунам, Бо ёди рӯи

Зи канори гарми ишқе ба канори дил расидам

Зи баҳори ҳусни ёре ба баҳори дил расидам, Зи канори гарми ишқе ба канори дил расидам. Ба канори сарди дунё зи ҳазор барқу оташ

Аз балои ногаҳон тарсида будам

Ту маро бедаступо кардию рафтӣ, Синаамро гамсаро кардию рафтӣ. Аз балои ногаҳон тарсида будам, Коре бадтар аз бало кардию рафтӣ. Ман сазовори дилат дил

Тамоми давлати дунё агар ба дасти ту ҳаст

Биё, азиз, ки умри азиз мегузарад, Макун диранг, ки бисёр тез мегузарад. Тамоми давлати дунё агар ба дасти ту ҳаст Вагар ки нест ба

То умеди ишқ аз туст

Кӯзаро бишкаставу бар санг туҳмат мцкунй, Ҷомро бишкаста, соқиро маломат мекунй. Бас дуиҳо дидаам дар табъи пасту дуни ту, Худ разолаткору уммеди адолат мекунӣ.

Зи хумори ишқ шодам

Ба баҳори нав расидам, зи баҳор шукр гӯям, Ба нигори нав расидам, зи нигор шукр гӯям, Зи хумори ишқ шодам, ки дили маро ҷавон

Хешро носохта бо асли худ нагдохта

Худ ба ними роҳу ангези рашодат мекунем, Худ даруни чоху сӯи маҳ ишорат мекунем. Хешро носохта, бо асли худ нагдохта, Дур аз лутфему даъвои

Ту вақти ҳар ғурубе меравй чун офтоб ман

Туро ҳар рӯз мебинам, ба коми дил намебинам. Ба чандин орзуят дар мақоми дил намебинам Ту вақти ҳар ғурубе меравй чун офтоб ман, Вале

Ман ошиқи ками туам

Ман ошики дили туам, на ошиқи ҷамоли ту, Ман ошиқи ками туам, на ошиқи камоли ту. Маро ғами ту мехурад,«ами маро намохури, Вафои ман

Ҳар дам ба дард ояд маро ин ҷои дил

Бинам зи савдои ҷаҳон савдои дил, савдои дил, Ақсои олам бошадам ақсои дил, ақсои дил. Ин ҷою он ҷои ҷаҳон чунки даме осуда нест,

Баҳри ту ғазал хондам як ҳиҷо нафаҳмидӣ

Эй сари ҳама сарсон, маншаи мағал аз туст, Шеъри бебадал аз ман, тири бебадал аз туст. Баҳри ту ғазал хондам, як ҳиҷо нафаҳмидӣ, Дафтари

То сар ниҳам дар пои ту бо ҷумла зориҳои дил

То зинда бошам, меравам бар кӯи ту бо пои дил, То сар ниҳам дар пои ту бо ҷумла зориҳои дил. Ту — навбаҳори шеъри

Ишқи бекарони ман дар канори ёре мурд

Ман ҷаҳони ҷонамро раҳни ин ҷаҳон кардам. Ман замини рӯҳамро роҳи раҳравон кардам. Омадам дар ин дунё, рафтаму надонистам, Ки ҳама вуҷудамро сарфи ину

Хурдаам май бас зи хумми дурднӯшони қадимӣ

Гарчи эъҷозе накардам, баҳри эъҷозе бимирам, Бо пару боли қавӣ дар авҷи парвозе бимирам. Хурдаам май бас зи хумми дурднӯшони қадимӣ, Зиста риндона, ҳам

Ҷои бӯса бар рухи дӯшизаи шеъру сухан

Эй басо дидам касон шоиртароши кардаанд, Шеърро нашнохта, баҳсу талоше кардаанд. Ошно нобуда бо дарди замоиу зиндагй, 3-ошной бо сухан даъвои оше кардаанд. Ҷои

МАДҲИЯИ ДИЛ

Ҳалолат бод, эй дил, ҳар замон, эй дил, ҳалолат бод! Ба чанги ин ҳама дарду ғамон, эй дил, ҳалолат бод! Замину осмон гӯӣ ду

Зи як сарчашма меоем

Ду раҳсозему раҳпаймо — ману дарё, ману дарё, Ду ҳамроҳему ду танҳо — ману дарё, ману дарё. Зи як сарчашма меоем, як сарчашмаи кӯҳӣ,

Фақат на чеҳраи саҳрову синаи талҳо

Баҳор омаду домони теппаҳо сабз аст, Тарона сабз, сухан сабз, муддао сабз аст. Фақат на чеҳраи саҳрову синаи талҳо, Нигоҳу чашму дилу ҷони одамо