УЗРИ ЛАНГ..

Ки мемонӣ ба шеъри носуруда, Ё насиби норабуда, Ё умеду орзуи монда дар дил, Аз талоши зиндагонӣ монда ғофил… Туро ман мешиносам, хӯшаи помолгардида,

ЭЙ ДАРАХТИ БЕЗАБОН

Худ табарро даста бидҳӣ, То бибуррад решаатро. Мебурандат, Мебарандат, Ин чӣ савдо? Ин чӣ дунё? Аз ту месозанд чӯби дорҳо, Аз ту месозанд чӯби

ДАСТИ ХУД

Устоде доштам, ёдаш ба хайр! Устоди аввалини мактабӣ. Устоде, ки маро иршод кард Дар талоши ҳар муроду матлабе. Устоде буд аз аҳли румуз, Устоде

ХУШКРӮД

Хушкрӯди зормонда зери гардун! Соҳилонат як замон пуроб буданд. Дар дили ту чун фурӯғи зиндагонӣ Ахтарон дар ҳалқаи маҳтоб буданд. Бӯсаҳои обдори мавҷҳо Об

ЭЙ ОБШОР

Эй обшор! Духтари гирёни кӯҳсор Мурдаст ошиқат магар, фарёд мекунӣ? Мӯят парешу қоматат ларзону хамзада, З-оғози чашмаҳот магар ёд мекунӣ? Ё кӯҳро зи дарди

ПАНҶАҲОИ БОРБАД

«Устоди ағонӣ ва нағамот Бор- бад ба созу навои хеш Эронзаминро бар халифаҳои аъроб шӯр ангезонид, чун ин қасдаш натиҷа надод, панҷаҳои ҳазордастонашро бибурид

САДБАРГ

Гули садбарг меорӣ ту ҳар субҳ, Ба гулдон мегузорӣ шодмона. Латифу содаӣ худ мисли садбарг, Дилат чун шохаи гул пурҷавона. Гули садбарг меорӣ ту

ЗАБОНГУМКАРДА

Ҳар кӣ дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре Хештанро бенишон гумкардае. Ин яке бахти ҷавон гум кардааст,

ҶОНИ ХУДУ ҶОНИ ҶАҲОН

Саҳни мардонагӣ ҳама дунёст, Азми мардонагӣ дигаргун аст. Ҷуръати қаҳрамонӣ кампайдост, Соҳати қаҳрамонӣ афзун аст. Зиндагӣ имтиҳони ҷовидон, Дар баҳояш баҳои ҷон гирад. Қаҳрамон

ЗАИФ

«Агар дар ҷои ӯ будам, ту медонӣ, бародарҷон…» «Агар дар ҷои ту будам, дигарсон кор мекардам». «Агар ман ҳам калон будам, ту медонӣ, ки

ТИЛЛОИ БУХОРО

Ба ёд орам чу тиллои Бухороро дили тиллоиям сад пора мегардад; сари тиллоиям гиҷ мешавад аз ғам; вуҷуди хокиям бо хуни тиллодори ҷӯшонаш ба

ХАЙЁМ ДАР ҚАЪРИ УҚЁНУС

Олимони Амрико ва Фаронса сафинаи мусофиркаши амрикоӣ «Титаник»-ро, ки зимни сафари нахустинаш дар Ат- лантикаи Шимолӣ ғарқ шуда буд, аз қаъри чаҳорҳазорметраи уқёнус пайдо

ТАЛОҚИ МАРЗИЧ

Ярч чун сели бало Субҳдам деҳро фурӯ бурд. Деҳаи хобида ҷовидон бихобид. Бонги мурғе барнаёмад он саҳар Бар сари деҳ нури субҳонӣ натобид. Сахраҳо,

ПЛОН

Чӣ давроне, чӣ айёме Ба дарё ҳам плон додем, Ба кӯҳҳо ҳам плон додем, Ба саҳро ҳам плон додем. Плон бар барфу борон ҳам,

ҶОНИ МАСЧОҲӢ

Нуктае бояд бигӯям бар касе огоҳ нест: Сахтҷонтар дар ҷаҳон аз мардуми Масчоҳ нест. Дар дили ҷешил2 бирӯёнад насиби хештан, Хок гардад дар баҳои

ЧАШМАИ ШОИР

Ҳеҷ донӣ ба Худгифи Соя1 Чашмае ҳаст – Чашмаи шоир. Номи зебост, номи рӯҳангез, Рӯҳи касро навозад он охир. – Лек афсӯс, – худгифие

ГИРЯИ ХОҲАР БАР МАРГИ ДОДАРИ АСКАРАШ

Рафтӣ сари дӯшат камон Бо сад хаёлу сад гумон. Баргашт модар аз гусел Аз марзи Афғон бо фиғон. Дар хонаи чашми падар Монд охирин

ЗИНДАГӢ (4)

Зиндагӣ хуршед дар боми ман аст, Зиндагӣ маҳтоб дар шоми ман аст. Зиндагӣ ёри гуландоми ман аст, Зиндагӣ Хайёми айёми ман аст. Гар набошад

КӮРХАТ

Кӯрхат бинвис, ало мавлои Вақт, ки басо гумкардаҳо дорам ба маҷрои замона, ки басо гумкардаҳо дорам ба ину он баҳона, дар ҷаҳони бекарона дар

ИДИ ЗАФАР

Зи ҳар ҷониб хабар омад: зафар омад, зафар омад, Зафар омад, зафар омад, сафои баҳру бар омад. Ҳама олам зи нури ӯ дурафшон шуд,

НОМАИ МАНЗУМ БА ЯК ХОНУМ

Шояд ин мактуб озорат диҳад, Хонию з-он пас маро нафрин кунӣ. Шояд андар хилвате бар ҳоли ман Дар дилат як хандаи ширин кунӣ. Худ

ШЕЪРИ САФЕДИ МӮИ САФЕД

Мебинам мӯсафедони хастаро, пирони бознишастаро, аз тарбод, аз қулинҷ, аз сакта, аз ғалабаи хун камарбаста ва ё дилшикастаро; ин кордидагон, корзордидагон, рӯзгордидагон, ин қоматхамидагони

БЕХОБӢ

Хобам намебарад. Ҳама шаб заррае Хобам намебарад. Бас печутоб мехӯрам чун сабза аз шамол, Бас музтариб мешавам аз рӯзи гумшуда. Як лаҳза ёди модари

ФАРДОИ ДУШАНБЕ

Душанбе шаҳри мо, гаҳвораи мост, Дар ин ҷо зиндагии мост дилкаш, Бад-он шарте ҳавояш тоза бошад, Набошад дуди ин симонзаводаш. Бувад ҳар шаҳрро овозаю

НОМАҲОЯТ

Шаб, чу хондам номаҳоят То саҳар хобам наёмад. Дар дилам ошӯби маҳшар, Бар сарам омад қиёмат. Гуфта будӣ «Баъди хондан Номаҳоямро бисӯзон». Гар бисӯзам

НИҲЕБ

Ҳар дам фиғони кӯдаке ояд ба гӯши ман, Чун синаҳои модари ӯро буридаанд. Ҳар лаҳза оҳи модаре ояд ба гӯши ман, Чун қалби софу

АЗ БОМИ ҶАҲОН, АЗ НОМИ ҶАҲОН

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Шамси Табрезӣ Гарчи шуҳратманд чун Боми Ҷаҳонанд, Кӯҳҳои мо ҷавонанд. Аз замоне

ҚАСИДАЕ БАРОИ САПЕДА

Сапеда! Ин номи мустаори туст барои дили ман, барои шеъри ман, зеро номи туро наметавонам бигӯям ошкоро; зеро муҳити мо – муҳити Душанбе –

ДУОҲО АЗ РОҲҲО

Ман мегузарам аз роҳ, дӯшизаи қашанге, лоба мекунад, то ба манзилаш бибарам, рад мекунам хоҳиши варо, зеро бори малоҳаташро мошини ман наметавонад бикашад… Ман

УМРИ БУЛБУЛ

Умри булбул кӯтаҳ аст. Бечора булбул бо ҳама ширинадоӣ, бо ҳама рангиннавоӣ, бо ҳама гулдӯстдорӣ, бо ҳама фарёду зорӣ беш аз як сол умраш

ШЕЪРИ САФЕДИ «ТИЛЛОИ САФЕД»

Қоматат сабз, шоху баргат сабз, ғунчаат сабз, аммо барои ту, барои сарсабзии ту ҷони сиёҳ мекананд деҳқонон. Хандаат сафед, шукуфтанат сафед, 200 Лоиқ Шералӣ

ҶАВОБ БА НОМАИ ЯК ДУХТАРИ ФУРӮХТАШУДА

Ба ҳоли ту дилам месӯзад аз дур, Ки дар даврони озодӣ асирӣ. Ҳама олам паи озодӣ кӯшад, Ту ҳоло ҳам заифию фақирӣ. Дар он

ИЛТИҶО ҚАБЛ АЗ ТАРКИ ДУНЁ

Агар ман мурдаам, гӯшам мешунавад. Ҳар чӣ аз дил ояд, бигӯед, мешунавам дар гӯр ҳам фарёди шуморо, навҳаву мӯя, оҳу доди шуморо. Чашмонам баста,

АЪМО

доимо «менигарад» сӯи само. Тира менамояд пардаи сафед дунёи равшанро, аммо меёбад моварои тирагиҳо роҳи рафтанро. Пилкҳояш мепаранд, метапанд чун ларзаи мавҷ ё су-суи

ИФТИХОР ВА ЭЪТИРОЗ

бори нахуст тақлид мекунам аз Пабло Неруда, на ҳудаю беҳуда, балки дониста, – зеро тақлид аз бузургон гирифтани хок аст аз теппаи баланд, овехтан

ДИЛСӮЗӢ

Дилам месӯзад ба қолибофе, ки қолӣ мебофад, аммо қолӣ надорад. Дилам месӯзад ба атласбофе, ки атлас мебофад аммо як куртавор атласро аз сияҳбозор мехарад

ШИКАСТАБАНД

Падари ман шикастабанде буд, дипломе надошт, аммо чу беморе пешаш меомад, паи ташхиси дард чашмонашро мепӯшид, ҷои дардро мепалмосид бо нӯки ангуштонаш – гӯӣ

ЯК РӮЗИ БЕКАСӢ

Дасту поям канда шуд аз осмон, Канда шуд меҳри дилам аз дӯстон. Ёри ширинам ба соғар заҳр рехт, Ҷои меҳр андар дили ман қаҳр

ШЕЪРЕ ДАР БЕМОРИСТОН

Паси шиша дарахтон ҷумла урёнанд… Чунин дарёфтам: гӯӣ ҳама аз даст хоҳад рафт, Ду чашмам баста хоҳад шуд зи дунёи пурафсона. Замин аз зери

БА МИЛИСАИ РАҲБОН

Ту – раҳбон, нозири раҳҳои мошин, Чу чашмат нест чашмоне ҳамабин, Дуоят мекунам, аз осмонҳо Ба китфонат ситора резад, омин! Гаҳе сархуш, гаҳе ошуфта

ПИРӢ

Ин чи фаслест, ки ҷуз доғ нарӯяд аз хок, Дасти гулпарвараш аз хандаи гул метарсад. Зӯри кӯҳафканаш аз коҳ биҷӯяд имдод, Аспи дарёбураш аз

ЧАҲОР БӮСА

Дар баҳорон Зери борон Бо навои обшорон Чашмҳоятро бибӯсам, Чашмҳои бегуноҳатро бибӯсам. Масту шодон Синабирён Фасли тобистони сӯзон Хирмани мӯят бибӯсам, Гарм-гарм аз тоқи

НАФРИН

Лаънати халқ бод бар он кас, Ки зи дунҳиммативу беорӣ Хурда шири сафеди модарро Даст ёзад ба ҳар сияҳкорӣ! Лаънати ду ҷаҳон бар он

ОБИ СЕВАН

Синаи модар-замин гарчи нахушкидаст чун меҳри Ватан, Мешавад кам сол то сол оби Севан, Мешавад кам мисли оби чашми арман. Кӯли Севан буд лабрез

НАФРИН

Лаънати халқ бод бар он кас, Ки зи дунҳиммативу беорӣ Хурда шири сафеди модарро Даст ёзад ба ҳар сияҳкорӣ! Лаънати ду ҷаҳон бар он

АГАР…

Агар мо метавонистем Ҳар як ахтари афтодаро аз нав барафрӯзем, Агар мо метавонистем Рози синаи ҳар мурдаро некӯ биёмӯзем, Агар мо метавонистем Шеъри нотамоми

ҚАСИДАИ МИЛЛИОН

Замини тоҷикон дар арзи милён сол милёнро намедонист, Зи бас ин гуна давронро намедонист. Замини оҷизи мо хуфта буд, зеро Чунин бедорхобиҳои деҳқонро намедонист.

АЛҚАСВА

Дар шаби меъроҷ Пайғамбар ба даргоҳи худо рафт. То биёрад хатти чак бар мардуми ҳамнавъи худ Аз замин сӯи само рафт. Дар шуои моҳи

МАДҲИЯИ АҶАЛ

Меситоям маргро! Баски ӯ ҳам офаридгор аст монанди табиат, Баски ӯ ҳам офаридгор аст монанди муҳаббат, Баски дар халлоқият чун модар аст, Дар назар

БОЗ ЯК МУШТ

турк файласуфи ва тиб устоди ибни Сино шахсияти ва асарлари ҳақида тадқиқлар» чоп шудааст… Бӯалӣ аз дасти туркон дар ба дар буд, Кӯ ба

ФАХРИЯ

Асли ман шеъру ғазалҳои мананд, На ҳамин шӯру мағалҳои мананд. Ман агар риндиву мастӣ кардаам, Хотири инсонпарастӣ кардаам… Ман агар девонагиҳо доштам, Яъне бори

КУҶО РАФТӢ, ҶАВОНИЯМ?

Куҷо шуд мӯи мушкинат? Куҷо шуд дасти гулчинат? Куҷо шуд Моҳу Парвинат? Куҷо шуд ёри ширинат? Чу тире бар ҳаво рафтӣ, Чу атре бо

ТАҚЛИДИ МАВЛАВӢ

Ман ошиқи дарёстам, Пуршӯру пурсавдостам. То навбати дунё марост, Дунёстам, дунёстам. Ман лоиқи номи худам, Фарзанди айёми худам. Бо ҳусни оғозе, ки буд, Ман

БАРОИ БАДХОҲЕ

Ту садди меҳрӣ, Ман садди ҷангам. Ту номи ребу Ман ному нангам. Ту пахтасангӣ, Ман тахтасангам. Кафлесакӣ ту, Ман як наҳангам! Ту қолаби хушк,

ДИДОРГОҲИ ДЕРИН

Боз аз он ҷо мегузаштам, Бо чӣ вазъу бо чӣ савдо мегузаштам. Гӯиё андӯҳи дунёе ба дил Ман зи дунё мегузаштам. Сабзаҳо хушкида буданд,

ЯЪС

Дафтарам холист, холӣ, Соғарам холист, холӣ. Аз баду неки ҳарифон Хотирам холист, холӣ. Кисаам холист аз пул, Синаам холист аз ишқ. Ишқро худ зода,

ЧАШМИ ДЕҲҚОН

Ҳар саҳар деҳқон чу бархезад зи хоб, Як назар созад ба рӯи осмон. Як назар созад ба даргоҳи тулӯъ – Бар тулӯи офтоби ховарон.

ГӮРИСТОНИ ХАЙРА

Чи гӯристони хушбахтест Хайра, Ки дар он қолаби Хайём хуфта. Куҷо Хайём? Андар синаи хок Ҳама исёни он айём хуфта. Ҳамин як мушти хоки

ГИЁҲҲОИ ХУДРӮЙ

Гияҳҳое, ки худрӯянду беноманд, Магар беҳуда мерӯянд? На зеби гулшане ҳастанд, на ҳусни гулистоне, На дар гулдастае баста, на бинҳода ба гулдоне. На зеби

ПОЙТАХТИ БАХТИ МАН

Шаҳри ман, шаҳри ҷавонию баҳор, Шаҳри ишқу орзуҳои дилам, Дар ту сар шуд, дар ту хоҳад шуд тамом Ошиқиҳо, ҷустуҷӯҳои дилам. Он қадар хоҳам

ПАХТАЧИНИ ПИР

Дар миёни раддаҳои пахта бо қадди дуто Саҷда меорад заминро ҳамчу даргоҳи худо. Кӯзаи пушташ ба сӯи осмони кӯзапушт Пахта мечинад ба ду дастони

ДУОИ БОРОН

Синаи гардун бихушкад ҳар баҳоре, Ҷои абру ҷои боронҳои найсон Чашми деҳқон мегирист аз интизорӣ: «Ёраб, сабаби ҳаёти ҳайвон бифирист, Аз хони карам неъмати

МЕҲВАРИ ДУНЁ

Ин замин шодоб шуд аз обрӯи Комунист, Ёфт худро оламе аз ҷустуҷӯи Комунист. Чун гули вартоҷ, ки рӯ оварад бар офтоб, Оламе рӯ оварад

ДУ МАСЧОҲӢ ДАР ОВРИНГ

Қазоро рӯзи равшан ё намози шом Агар дар овринге нобаҳангом Ду масчоҳӣ Зи дунболи ду маркаб – Маркаби пурбор бо ҳам рӯ ба рӯ

БАРОИ ФАРДО

Зиндагӣ то ки бардавом бувад, То бувад насли сонӣ бархурдор, Модарон рафтаанд гар сари хишт, Падарон рафтаанд бар сари дор. Аз барои идомати авлод,

ШЕЪРЕ, КИ ХОБ ДИДАМ

Шабонгоҳон чу меафтад ситора Зи базми ахтарони бешумора, Хаёлам, бозмегардад зи парвози фалакгире Ба сӯи ин замин Аз осмонҳо Экзюперӣ. Шабонгоҳон чу меафтад ситора

ДАР ҶАНГАЛИСТОН

Яке қоматхамида, Дигаре мавзуну хушқомат, Яке дар тан варам дорад, Яке бегурму тансиҳҳат. Яке тоқа, дигар қӯша, Яке танҳо, дигар ҷуфт аст. Яке мағруру

ШОИРИ НАБАРДҲО

Нестӣ ту Лоиқи ғамҳо2 дигар, Лоиқи андӯҳу мотамҳо дигар. Шаҳрбанди худ наӣ, разми туро Мешиносад ҷумла оламҳо дигар. Дил ба тӯфони ҳаводис додаӣ, Дар

ГӮРИ РОНАНДА

Дар камаргоҳи баланди кӯҳҳо, Дар хами роҳи нишеби партгоҳ Гӯри як ронандаи берӯзиест, К-аз фалокат мурда андар нимароҳ. Чанбари фармон1 раҳо гашта зи даст,

ХОКРӮБ

Дар кӯчаҳои шаҳр Ҳар субҳдам нигар – Пири хамидае, Меҳнаткашидае Ҷорӯб мезанад. Дар мижжаҳои ӯ Хобида гардҳост. Дар кӯзапушти ӯ Зардоби дардҳост. Мурдасту зинда

СОЯҲОИ ҒУРУБ

Сояҳои дарози вақти ғуруб Рӯзи кӯтоҳро фурӯ бурданд. Кӯр карданд чашми равшани рӯз, Ба сари рӯз пой афшурданд. Рафт хуршед аз дили дарё, Дар

ДАР ҶАНОЗАИ ҲАМСОЛАМ

Дӯстам, дӯсти ҷавонмаргам, Баҳри чӣ, баҳри кӣ, чаро мурдӣ? Ман аминам, чу зодаи куҳсор, Ҳар чӣ ҳам буд, баҳри мо мурдӣ. Дӯстам, дӯсти ҷавонмардам,