АДОИ БӮСАҲО

Нест гуноҳе маро, аз чӣ ҷафо кардаӣ, Бо нигаҳи гарми худ обу адо кардаӣ. Роҳи наҷоти мааром аз ҳама сӯ бастаӣ, Ишқу умеди маро

ҶОНИ ҶОНОН

Наззора кун ба рӯяш, ҷонон итоб дорад, Аз рӯи одати худ бар рӯ ниқоб дорад. Ҳар як нигоҳи ошиқ чандин савол дорад, Ҳар як

ҲАВАСИ СӮИ ТУ

Ба ҳаваси ту хоҳам хоҳам омад, Ҳар нафас сӯи ту хоҳам омад. Лаззат аз суҳбати ту то бибарам, Басу бас сӯи ту хоҳам омакд.

ДАР ХОНАИ ДИЛ

Аз меҳри ту манн ошиқи ин созу тарона , Чашмони хумори ту гирифтори замона. Занчҷири сари зулфи ту моро ба қафас бурд, Ин аст

МАРДИ ОШИҚ

Умри ман чун бувад ба паймонаш, Чорае ки дигар зи фармонаш? Марди ошиқ кист, медонӣ? Он ки ӯ наметарсад аз ҷонаш. Ҳеҷ теғе наметавонад

БА ХИЛВАТГОҲИ ЗУЛФ

Ту медонӣ, туро манн мепарастам, Биё, акнун бидеҳ дастат ба дастам. Ба зулфони сиёҳат аҳд бастам, Аҷоиб риштае омад ба дастам. Бибин, соқӣ маро

ГУФТАМ

Гуфтам: Чӣ кунам барои ту? Гуфт : — Чунон, Гуфтам, ки чунонат чӣ бувад? Гуфт : — Ҳамон. Гуфтам, ки фалонат кӣ бувад? Гуфт

ВАФОИ ИШҚ

Корам набувад ҳасса бафардои қиёмат, К-он доди Худо буд, ки афрохта қомат. Дар ишқу вафо чора ба ҷуз додани ҷон нест, Гӯям ба ту,

Рамазон — Рамадан

Расписание — календарь поста Рамадан в городе Москвы для 2017 г. намного отличается от других городов России и мира своими свойственным расположением, ведь в

СОҚИНОМА

Соқӣ, бидеҳ як ҷоми май, масту ғазалхон парвард, Ғамро зи мо дурр афканад, шоди диҳад, ҷон правард. Бирхезу фикри бода кун, фикри дигар омад

УМРИ ОДАМ

Зиндагонӣ, эй азизон, ак дам аст, Нақши ӯ мисли дурахши шабнам аст. Аз тамоннои ҷафокори фалак Ҳар нафас аз бандагии одам аст. Ҳастии мо

СУБҲИ ОБӢ

Чӣ аҷаб ғулғулаи борон аст, Лутфи яздонии бепоён аст.. Мекунад бӯи баҳорам бедор, Ахи паймонаву ҳам паймон аст. Гулу себарга саропой дуост, Вожа дар

ДУОИ НЕК

Ҷонона, дилам ба ту  вафо  карда, Лекин дили ту ба манн ҷафо карда. Бар мо раҳи  ишқро нишон дода, Дар нимаи  раҳ    вале   раҳо

ФАЛҒАР

Ҷону ҷигарам, Фалғар, Нури ба саарам, Фалғар. Ба мноми баланди ту Бологнузарам, Фалғар. Ҳар пораи санги ту Ёқуту зарам, Фалғар. Аз дониши устодон Соҳинбанзарам,

ҲАМДИГАРРО ДӯСТ ДОРЕД

Зиндагӣ бо дӯстон аз ғам барист, Дӯсти дар эътиқоду боварист. Бо муҳаббат, бо садақа зистан, Ҳамдигаро ёр будан, ёварист. Қадри ёру дӯстонро доштанд Беҳтарин

ҚАБОИ НАВАРӮСОН

Тур обо мо агар  короизмоист, Паёпай  бош ба мо, чун ҷудоист. Надорӣ   тоқати   ишқщзмоӣ, Бирав   аз мо, ки ақлат  рутоист. Фидои   чашмаки   нозофаринат, Чаро  

АҲДУ ПАЙМОНИ ШУМО

Ин ҷингар хйн гашта ҳамчун лаъли хандони шумо, Мешавам ошиқ ба он чашмони рахшони шумо. Гар шавад рухсат, бароям сайри боғи ошиқон, Ман бихоҳам

ДУШАНБЕ

Душабешаҳр, шаҳри комгорон, Душанбешаҳр, шаҳри номдорон. Дили манн дар канори ту Ватан ёфт, Зи тору пуди ишқат пираҳан бофт. Ба чашми ман мисоли гавҳар

ТОҶДОРАМ

Душабешаҳр, шаҳри комгорон, Душанбешаҳр, шаҳри номдорон. Дили манн дар канори ту Ватан ёфт, Зи тору пуди ишқат пираҳан бофт. Ба чашми ман мисоли гавҳар

Байтҳои тоҷикӣ

Соҳили навҷавонии умрам Монда дар пушти хотироти туман, Ташнакомии ишқи манн аз васл Ҳамчу захми бадарди саҳни бадан. Рӯз то рӯз мешавам наздик, Сарҳисоби

Байту мисраҳо

Эй умри абас, шириниат моро бас, Пеши тарабат хориши дар даст чу хас. Дар зери ях аст агарчи манзилгаҳи ман, Гӯям, ки кашам зи

Дунёи мо

Нигар, дунё фараҳбахш асту рангин, Ки тасвираш увайдо андарунат. Ту ин сон оламе дорӣ ба ботин, Валекин кашфи он дорад забунат. Одамӣ як киштӣ

АЗ ЗИНДАГӢ ЗАКОВАТ

Афтода дар чӣ кӯе, халқам, кунун ҳаётат, Дар хеш мехӯрӣ тоб, бишкаста ду қанотат. З – осудагӣ тани ту афтода дурр, эй воҳ, Дар

ТОҶИК МАН

Тоҷдорам, тоҷдорам, тоҷикам, Аз ниёгон ёдгорам, тоҷикам. Чун Зарафшонам, чу фарҳангам равон, То бухор раҳсипор, тоҷикам. Медурахшад шамъи дониш то абад Дар замири нурборам,

ЭЙ ВАТАН

Тахт дорам, тоҷ дорам, эй Ватан, эй ишқ, Аз ниёгон ёдгорам, эй Ватан эй ишқ. Ба Зарафшон аст фарҳанги ту чун ҷорӣ, Сӯи фардо

ТАСВИРИ ВАТАН

Шукрона  ба номи  Тоҷикстон, Шукрона  ба хони   Тоҷикистон. Шукрона  ба оби  Тоҷикистон, Шукрона ба номи  Тоҷикистон. Эй  мулки  ягона ҷонфизоям, Бе ту набувад 

МОДАРАМ

Дар ҷаҳон, модар, маро монанди ту ғамхор нест, Меҳрубон, мӯнис, ҳабиб, дилбанду дилбардор нест. Ҳамчу нури дидаву чун шаҳди гул пинҳон будам, Сурати инсонӣ

ПАСТӢ НАКУНӢ, КИ ПАСТ ГАРДӢ

Толеи халқам баланд, Он пасткораш гашт паст, Ҳар кӣ инкори сухан кард, Дид дар охир шикаст. Шуд ахир қаддат дуто Дар асрҳо, Қаднамоиро, нигар,

ДУНЁ ШАВЕД

Зист он кӣ баҳри дунё, баҳри ӯ дунё шавед, Ҳар кӣ дорад қалби дарё, баҳри ӯ дарё шавед. Ҳар кӣ боре гар шуморо дӯстӣ

Панду ҳикмат аз А. Фирдавсӣ

Ба гетӣ намонад ба ҷӯз номи нек, Ҳар он кас, ки хоҳад саранҷоми нек. Ҳама дӯстонро гиромӣ кунем, Меҳонро ба хар ҷой номӣ кунем.

ДЕҲИ КӮЧИДА

Бодхурда сари ҳар деворе, Бомҳо рехтаву чӯкида. Тарҳи деҳ гарчи ба ҷо монда, вале Зиндагӣ ҷои дигар кӯчида. Зиндагӣ рахт бар он водӣ баст,

ИЛТИҶО АЗ ДИЛСОЗОН

Илтиҷо мекунам, эй дилсозон, Шавад афсурда дили шоир агар, Дили афсурдаю пурдарди варо Ба дили сунъӣ масозед бадал. Бас дар ӯ дарду ғами кулли

ҚАРЗИ ФАРЗАНДӢ

Мард он, ки ба корзори ҳастӣ Беханҷару бесипар барояд. Беханҷару бесипар, валекин Бо ҷавҳари сад ҳунар барояд. Баҳри каму беши миллати худ Бо бешу

МАРСИЯИ ХУРШЕД

На он тақлид ин тақлид, На он хуршед ин хуршед. Зи баъди чанд милён сол мемирӣ ту, эй Хуршед! Ҷавоби он қадар дарвозаҳои субҳро

ҚАДРИ ШОИР

Рӯзе, ки ошиқон аз ҳам ҷудо шаванд, Рӯзе, ки зӯрҳо бемуттако шаванд, Рӯзе, ки одамон беошно шаванд, Бар қадри шоирон он вақт мерасанд. Шоме,

РӮДҲОИ КӮҲИСТОН

Рӯдҳо чун кӯдакони бепаноҳ Бемураббӣ ҳар куҷо сарсон буданд. Чун ятимон, чун ғарибон кӯ ба кӯ Дар талоши бахт саргардон буданд. Сар ба сангу

ТАМАННО

Тоҷикистон! Зи санги куҳсорат Чун нишона на мақбара хоҳам, Баъди маргам зи санги бисёрат Ёдгорӣ на пайкара хоҳам. Баҳри мастӣ барои ман кофист Қатраи

ҲАМДАРДИ КӮҲИСТОН

Ба хотираи Акашариф Ҷӯраев Ту мехондию мешуд об ҳар як санги кӯҳистон, Фарохо мешуду паҳно ҷаҳони танги кӯҳистон, Ту мехондию метобид андар дидаи мардум

БОНГИ ОЖИР

(Бар асари рӯйдодҳои Чили) Эй шумо бозичаҳои симу зар, Эй ҳавасбозони савдои худӣ, Бо чӣ миқдоре зи дунёи ҳама То кунун ҷӯед дунёи худӣ!?

Зиндаги чист

Мо ҳама дар чорсӯи зиндагӣ, Гоҳ гумроҳему гоҳо раҳбарем. Гоҳ бо сар медавему гаҳ ба по, Гоҳ саргардону гоҳо сарварем, Эй дили дарёи ман,

Мардӣ

Касе бо ту ғами дилро нагӯяд, Касе бо ту раҳи фардо наҷӯяд. Чи бадгавҳар, чи нимодам, чи зиштӣ, Ки кас бо ту гули хоре

Лоиқ Шералӣ, шеърҳои ошиқӣ

Ман хушомад мезанам бар қуллаҳо, Мекунам таъзим пеши пояшон. То шавам монанди онҳо сарфароз, То бароям бар баландиҳояшон. То чу онҳо ҳар саҳар хуршедро

Шеърҳои ошиқӣ тоҷикӣ

Баҳоре буд, Баҳоре буду ишқе буду ёре буд, Ғурури саркашеву ифтихоре буд. Дарахтон ғарқи гул буданду баргу бор, Хуморӣ буд чашми ғунчаи бедор, Ба

Шеърҳои ошиқона тоҷикӣ

Гарчи мониқалам Рафоэлло, Хона нокарда аз ҷаҳон бигзашт, Аз арӯсаш надида оғӯше, Бас ҷавон ӯ аз ин макон бигзашт, Лек дар остони тӯю сур,

Шеъри ошиқӣ ҷудоӣ

Имшаб аз кӯчаи хаёлам боз Сояи қоматат чамон бигзашт. Бенишон буд ишқи мову ту, Сояат низ ончунон бигзашт. Лек бар решҳои куҳнаи дил Намаке

ҶУФТИ ҲАМБОЛ

Ману ту ҳар ду монандем – Ту ҳам тифли баҳорониву ман ҳам, Ту ҳам фарзанди борониву ман ҳам. Ҳамегӯянд, андар зодрӯзи мо Чу пайки

Шеърхои ошики барои чавонон

Аз хато, аз ғурур, аз таъхир, Аз ҷафо, аз ғиром, аз тақсир, Аз дурӯғу фиреби домангир Ишқ ҳам пир мешавад, афсӯс, Ошиқӣ дер мешавад,

РАҲГУЗАР

Ҳамчунон к-аз каронаи шаҳре Раҳгузар бошию гузар созӣ, Бетаваққуф зи шишаи мошин Сӯи ҳар манзараш назар созӣ, Ё чунон ки ба манзили дуре Сафарӣ

Чи тавр дуруст зиндагӣ кард?

Рӯзҳо мегузаранд, Рӯзҳо аз сари мо, Аз дили мо мегузаранд Хабари лаҳзаи дидору ҷудоӣ бар лаб, Аз раҳи манзили мо мегузаранд. Ба назар Мо

Қиссаи зиндагӣ

Ба ҳар ҷое, ки ман рафтам, Ҳамеша дилкушодиву ҳамеша рӯи хандон буд. Ба ҳар ҷое, ки ман рафтам, Зи ҷӯши хандаю шодӣ на бадгӯӣ,

Ҳикмати зиндагӣ

Гарчи ҳамсояему ҳамдаврон, Ҳар кадоме ситораи дурем. Як сареву ҳазор савдое, Худсару худписанду мағрурем. Зиндагӣ бас фиребамон бидҳад, То варо боз дӯсттар дорем. То

Дилбар

Ало, эй дилбари дар бехудӣ гумкардаам, боз о! Ало, эй ҳамдили дар орзу парвардаам, боз о! Мисоли сурати бахти ман аз пеши дарам бигзар,

ВАТАН

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар. Ватан –

ДУШАНБЕ

Дилам хоҳад барои ёдгорӣ Нависам дар тани деворҳоят Ду-се байте чу арзи меҳру савганд Барои ту, барои наслҳоят. Ду-се байте, ки ҷӯшад аз дили

ҒАЗАЛЕ БАРОИ ХУД

Мешавам ҳар рӯз дигар, ҳар нафас кам мешавам, Ҳар қадар худро биҷӯям, он қадар гум мешавам. Гоҳ мисли сабза мерӯям барои Офтоб, Гоҳ пинҳон

Дили девона

Аз муҳаббат то маломат, Аз садоқат то хиёнат, Аз замин то осмон, Аз осмон то ресмон, Дар сари як мӯй кардӣ дорбозӣ Аз барои

Шеъри Лоик — Зиндаги

Бинам, ки дар мағозаю бозорҳои шаҳр Беназмию ҳаёҳую ҳангомаҳо бувад, Парвози фикрашон фақат то нархи ину он, Маънии зиндагияшон нарху наво бувад. З-ин варта

Користон

Дар дили ман ду лашкари ҷаррор Байни ҳам ҷангу шӯрише доранд. Ҳар кадоме барои матлаби хеш Гирудору кашокаше доранд. Он яке ғолибу дигар мағлуб,

Диле дил

Ман аз ин қофияпардозиҳо бисёр дилгирам. Дилам шеъру суруди бетавофутро набипзирад. Суруде хоҳаму шеъре, Ки мадду ҷазри дарёи дили моро фаро гирад. Суруде хоҳаму

Дар бораи забон

Араб гӯянд Синоро гурӯҳе, Гурӯҳе форс ё тоҷик донанд. Гурӯҳе ӯзбакаш гӯянду лекин Агар сад бор осораш бихонанд, Нафаҳманду паи тафсири ҳар ҳарф Ҳама

Шоира

Бӯалӣ – бихради накӯфарҷом Рози дилро ба ду забон мегуфт. В-он ҳакими нишобурӣ – Хайём Дурри маънӣ ба ду забон месуфт. Шоирон беш дузабон

Руи Замин

Замин – модархудои мутлақи мо, Барои кӯдакон шабзиндадор аст. Ба чашмонаш шикаста хоб гӯӣ, Ба тифлон қисмати нек интизор аст. Мисоли ошиқони покпаймон Замин

Ало шодоб соҳилҳо

Ало, шодоб соҳилҳо, Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз, Ки рӯзе хушк хоҳад шуд. Ало, зебои маҳфилҳо, Ба қадри ҳар чароғи давра мебояд

Қадди баланд

Қадди одам ба лаҳзаи мурдан Гашта гӯё зи буда норозӣ, Боз, гӯянд, қадре меёзад Дар талошу набарди ҷонбозӣ. Лаҳзаи разми зиндагию марг Одамизод бо

Шири хом

Одамизод шири хомхурда, Мешавад ӯ ба ҳар замон дигар. Борсанги ҷаҳон ба дӯши ӯст, Гоҳ қубҳаш зи ҳуснаш авлотар. Гоҳ аз ишқ тавба мегӯяд,

РАҚҚОСА

Меситезӣ, ____Мегурезӣ, ________ Менавозӣ, ___________Мегудозӣ, Панҷаҳоят мешуморад рӯзҳои рафтаро, Мекунад ошуфтадилтар шоири ошуфтаро. Бо парешонбозиҳои кокулони тобдор Ёдам орӣ аз парешонбозиҳои рӯзгор. Он чунон

БАРОИ МАҲМУДИ ВОҲИД

Агар бераҳбалад бошӣ, Равон шав қад-қади дарё, Ба уқёнус рӯзе мерасӣ, эй дӯст. Агар бераҳбалад бошӣ, Ба роҳи рост роҳӣ шав, Ба кӯи дӯст

ҲУСН

Як буттаи гул будӣ, сар то қадамат гул буд, Фасли гули ҳуснат буд, он вақт ҷавон будӣ. Ҳар печухами мӯят сад лонагаҳи дил буд,

БАРОИ СОРБОН

Мо кӯдакем, кӯдаки нодону содаем, Бар зочаҳои дигаре мо дил ниҳодаем. Акнун ба зери осмон дар роҳи орзу Сад осмони дигаре дар худ кушодаем.

ЧАШМҲОЯШ

Аз нигоҳаш мечакад оҳангҳо, Достонҳо, қиссаҳо, афсонаҳо. Саргузашти чанд ошиқ, Сарнавишти чанд ошиқ, Нутқҳои нӯшбодӣ, Қаҳ-қаҳи мастонаю фарёди шодӣ, Нозиши хушбахтии яклаҳзагӣ, Нолиши бархурдану

БОҚӢ РАҲИМЗОДА

БАРОИ УСТОД БОКИ РАХИМЗОДА Дар ин дунё ду-се марди бузурге пуштибони мост, Дар ин дунё ду-се соҳибдиле ҳамдостони мост. Ба зери осмони ниливу рӯи

Лаби дарё духтари зебо

Равам бегаҳ лаби дарё нишинам, Ки рӯзи рафтаи худро бибинам. Бибинам, то ба чини рӯи дарё Чи монанд аст ожанги ҷабинам. Биомӯзам зи дарё