Паймона

Паймонае, ки бода надорад, шикастанист,
Дасте ки нест масдари эҷод, бастанист.
Зулфе, ки сарфи шона кунад умр, карда беҳ,
Доме, ки сайд зинда нагирад, гусастанист…
Да гӯши ғунча боди саҳар омаду бигуфт:
«Дар ҳар диле, ки бӯйи вафо нест, хастанист».
Ҷустам илоҷи доғи дили худ зи Сайидо,
Гуфто: «сабур бош, ки з-ин дард зистанист».

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед