ПАНДУ НАСИҲАТ
Хоб кам кун авали рӯз, эй писар,
Нафсро бадхӯ маёмӯз, эй писар.
Охири рӯзат накӯ набвад маном,
Пештар аз шом хоб омад ҳаром.
Аҳли ҳикматро намеояд савоб,
Дар миёни офтобу соя хоб.
Эй писар, ҳаргиз марав танҳо сафар,
Бошадат рафтан сафар танҳо хатар.
Дастро бар руҳ задан шум аст шум,
Истимои илм кун з-аҳли улум.
Шаб дар оина назар кардан хатост,
Рӯз агар бинӣ ту рӯи худ равост.
Хона гар танҳову торикат бувад,
Мӯнисе бояд кӣ наздикат бувад.
Дастро кам зан ту дар зери занаҳ,
Назди аҳли илм сард омад чу ях.
Чорпоёнро чу бинӣ дар қатор,
Дар миён эшон наёбӣ зинҳор.
То физояд қадру ҷоҳатро худо,
Рӯзу шаб мебош доим дар дуо.
То шавад умрат зиёда дар ҷаҳон,
Рав накӯи кун, накӯи дар ниҳон.
То накоҳад рӯзият дар рӯзгор,
Маъсият кам кун ба олам зинҳор.
Ҳар кӣ рӯ дар фисқу дар исён кунад,
Эзид андар ризқи ӯ нуқсон кунад.
Кам шавад рӯзӣ зи гуфторӣ дурӯғ,
Дар сухан каззобро набвад фуруғ.
Фоқа орад хобби бисёр, эй писар,
Хоб кам кун, бош бедор, эй писар.
Ҳар кӣ дар шаб хоб урён мекунад,
Дар насиби хеш нуқсон мекунад.
Бавл урён ҳам фақирӣ оварад,
Андӯҳи бисёр, пирӣ оварад.
Дар ҷанобат бад бувад хӯрдан таом,
Нописанд аст ин ба назди хосу ом.
Резаи нонро маяфкан зери пой,
Гар ҳамехоҳӣ ту неъмат аз худой.
Шаб мазан ҷорӯб ҳаргиз хона дар,
Хокрӯба ҳам манеҳ дар зери дар.
Гар бихонӣ бобу умматро ба ном,
Неъмати ҳақ бар ту мегардад ҳаром.
Гар ба ҳар чӯбе куни дандон ҳилол,
Бенаво гардӣ, биафтӣ дар вубол.
Дастро ҳаргиз ба хоку гил машӯй,
Аз барои даст шустан оби ҷӯй.
Эй писар, бар остонаи дар машин,
Кам шавад рӯзӣ зи кирдори чунин.
Такя кам кун низ дар паҳлӯи дар,
Бош доим аз чунин хислат бадар.
Дар халоҷо гар таҳорат мекунӣ,
Вақти худро дон кӣ ғорат мекунӣ.
Ҷомаро бар тан нашояд духтан,
Бояд аз мардон адаб омӯхтан.
Гар ба доман пок созӣ руи хеш,
Рӯзият кам гардад, эй дарвеш, беш.
Дер рав бозору берун ой зуд ,
З-он ки рафтанро наёбӣ ҳеҷ суд.
Нек набвад гар кушӣ бо дам чароғ,
Раҳ мадеҳ дуди чароғ андар димоғ.
Кам зан андар риш шона муштарак,
З-он кӣ он хоси ту бошад муштарак.
Аз гадоён пораҳои нон махар,
З-он кӣ меорад факирӣ , эй писар.
Дур кун аз хона тори анкабут,
Бошад андар монданаш нуқсони қут.
Харҷро берун зи андоза макун,
Хушк риши хешро тоза макун.
Дастрас гар бошадат, танги макун,
Чунки раҳворӣ, ба раҳ лангӣ макун.