ПАНҶИ НООРОМ
Мевазад боди тозаву форам,
Барги гулҳо ба ҷунбишанд аз он;
Мешавад паҳн дар фазо ҳар дам
Ин суруди қадими кӯҳистон:
“Рӯзу шаб рӯди Панҷи ноором
Мезанад доду мезанад фарёд,
Меравад худсарона, лекин ром
Ҳеҷ касро намешавад.
Ҳайҳот!
Кӯҳи хоро, нигар, ки уштурвор
Бар сари ганҷҳо намуда хоб,
Ҳеҷ гоҳе намешавад бедор,
Ӯ зи фарёди Панҷи заррин-об…”
* * *
Ману сарҳадчии диловари халқ
Лаб-лаби Панҷ бо суруди баҳор
Роҳ рафтему офтоб аз шарқ
Гашт рахшанда бар сари кӯҳсор.
Бар сари кӯҳ ситода машъал-сон
Деҳаҳоро намуд рахшанда,
Гӯиё ки ба ҷониби моён
Менамояд табассуму ханда.
Мо нишастем назди як чашма,
Дастҳоро намуда коса, аз он
Об хӯрдем пас ҳарисона,
Об не, балки буд роҳати ҷон.
Сумкаҳоро ба зери сар монда
Дам гирифта, вале намехуфтем.
Бо муҳаббат махорка печонда,
Саргузашту ҳикоя мегуфтем.
Гӯшҳоро намуда сих Оташ ,
Сӯи дарёи Панҷ менигарист.
Тезчангол вай, зи чанголаш
Ҳеҷ “бегонаро” халосӣ нест.
Гуфт ҳароҳи ман, ки:
– Ин чашма –
Чашмаи беҳтарини деҳаи мост,
Дар ҳамин ҷо ҳазорҳо ташна
Ташнагиро шикастаанд. Ин рост.
Рӯзу шаб, субҳу шом дар ин ҷо
Мезанад ҷӯш зиндагӣ. Хоҳам
Ошноят намоям ин ҷоро
Чун нишастем ҳардумон бо ҳам.
Дар паси кӯҳҳои сар ба фалак
Мешавад офтоб чун пинҳон,
Сурхминқор кабкҳо як-як
АЗ сари кӯҳсор қақразанон
Мефуроянд, то ки нӯшанд об,
Оби ширини чашмаи моро,
Об нӯшида пас аз он башитоб
Боз баргашта мераванд онҳо.
Тӯда – тӯда зи ҷониби кӯҳсор
Тездав, тезчашм оҳуҳо
Бошитоб омада ба ин гулзор
Мехӯранд оби софу ширинро.
Об нӯшида ҷониби саҳро
То дами чошт барнамегарданд.
Хуррамона миёни ин гулҳо
Шохбозӣ намуда мегарданд.
Лек, агар одаме шавад пайдо,
Гӯшҳо сих карда, боҳайбат
Зада ҳуштак, ба ҷониби саҳро
Мегурезанд дар ҳамон соат.
Гашта бедор субҳдам аз хоб
Духтарони диёри Нав-обод,
Кӯза бар дӯш аз барои об
Бар сари чашма омада дилшод.
Кӯзаҳоро гузошта як сӯ,
Тозакак шуста дасту рӯи худ,
Ӯсма молида нағз бар абрӯ,
Зада шона ба зулфу мӯи худ,
Менамоянд рақс дар гулзор,
Месароянд ашӯла баҳри Ватан.
Гоҳ-гоҳе шуда ба онон ёр
Месароям таронаеро ман.
Баъд аз он навшукуфта гулҳоро
Чида, дар зери тоқиҳо монда,
Ҷониби хона мераванд онҳо,
Кӯзаҳоро ба об пур карда.
Ҳаст дар байнашон чке духтар,
Ки ба домаш фитодаам ночор.
Ман надонам чӣ сон ба он дилбар
Бинамоям муҳаббатам изҳор.
Кай ҳамон лаҳзаи хуше ояд,
К-аз дилам дур гардад ин оташ?
Эҳ, бупечон махоркаро, шояд
Дилам ором гардад аз дудаш…
Гоҳ-гоҳе ба ҷонибам бо ноз
Менамояд нигоҳу механдад.
Ҷодугар ҳаст духтари Дарвоз
Сирри ӯро касе намефаҳмад.
Дина бо ҷӯраҳои худ рафтем
Ба тамошои деҳаи колхоз,
Шодмон сайр карда мегаштем
Дар гулистони халқи сарафроз.
Кор мекард он накӯрӯям
Мардсон бо дугонаҳои худ,
“Дилрабо! –
хостам ба ӯ гӯям, –
як назар кун ба бовафои худ”.
Шарм аммо зи дӯстон кардам,
Хуб не, розро ба кас гуфтан,
Рози дилро ба ту баён кардам,
Чун туб ҷӯраи киромии ман.
Нозанин аст вай, вале меҳнат
Нозанинтар намудаст ӯро,
Офаринҳо ба модари шафқат,
Ки ҳунарвар намудаст ӯро.
Менамуд ӯ нигаҳ ба сӯи мо,
Чун маро дид, як табассум кард.
Ҷӯраи ту ду дасту пояшро
Дар ҳамин лаҳза гӯиё гум кардд.
На ба вай сӯи дигарон гуфтам,
“Мондаҳо!”
Лек дилбарам фаҳмид,
Ин суханро барои он гуфтам,
Ӯ ҷавобе диҳад ба ман. Хандид.
Лек чизе нагуфту ёронаш
Низ бар сӯи вай нигаҳ карда,
Ханда карданд.
Дар дилам оташ
Гӯиё ки заданд бо ханда.
Аз рафиқони ман яке он гаҳ
Гуфт: – Эй духтарони хандонрӯ,
Меҳмонем мо дар ин деҳа,
Меҳмондории шумоён ку?
Чун шуниданд ин суханҳоро,
Ҷониби якдигар нигоҳ карда,
Чашмакӣ мезаданд духтарҳо.
Дар ҳамин лаҳза ёри дилбурда
Бо табассум ба мо назар карду
Гуфт: “Хуш омадед, меҳмонон!”
Ваҳ, чӣ сон гарм буд нигоҳи ӯ,
Зӯртар з-офтоби тобистон!
– Халқи хушбахти деҳаи колхоз,
Гуфт, – меҳмоннавоз, эй ёрон,
Як мақоли нав аст дар Дарвоз
Аз шумоён намекунам пинҳон:
“Кор – кор асту меҳмон – меҳмон”.
Ростӣ, ки ҷавоби хубе дод,
Завқ бурдем аз ин суханҳо моён,
Завқ бурданд духтарони шод.
“Хайр!” гуфтем бо дили хурсанд
Рафтанӣ мо шудем.
Духтаракон
Роҳи моро гирифта:
– Ҳа, – гуфтанд.
– Ба куҷо меравед, меҳмонон?
Ҳазл кардем, тоб н-оварда
Рафтаниед, – ин магар хуб аст?
Дар ҳамин лаҳза ёри дилбурда
– Коратон, – гуфт, – ғайри матлуб аст.
“Омадан бо иродату рафтан –
Бо иҷозат”, – магар намедонистед?
Як дам истед, дӯстони ман,
Соҳиби хонаро наранҷонед,
Мерасад кор чун ба охир, зуд
Бар сари сашма рафта дар он ҷо
Менамоем сайр… дил хушнуд–
Мешавад дар ҳавои кишвари мо.
Месароему хуб мерақсем,
Шаби равшан дар ихтиёри мост,
Навҷавонони бахтёрастем,
Аз ҳама хуб рӯзгори мост.
Дар сари чашма рафта биншастан,
Дар шаби моҳтоби тобистон,
Бар Ватан нав ба нав ғазал хондан
Гашта одат ба халқи кӯҳистон.
Истироҳат намуда аз нав боз
Меравад ҳар касе ба кори худ.
мо кӯшиш аст дар колхоз
Баҳри ободии диёри худ.
Лек кори шумо бувад гаштан
Автоматро гирифта дар сарҳад,
То ки хасми лаин ба ҳадди Ватан
Пои ифлоси хешро наниҳад.
Лозим ояд, ба кори якдигар
Мерасонем мо мадад ҳар рӯз,
З-ин сабаб қодирему фатҳовар,
Бахтамон з-ин сабаб бувад фирӯз…
Ана, дидӣ, чӣ гуна духтаракон
Дар диёри азизи мо ҳастанд!
Дилнавозанду меҳрубон онон,
Дар сари кор беҳ зи мардонанд,
Рост не-мӣ? Махоркаро пеш ор,
Камтарашро бигир, ин бисёр,
Дер шуд, ҷӯра, вақти рафтан шуд…
Бори дигар махоркаро печондем,
Об нӯшида бо ду дасти худ,
Бо раҳи хештан равон гаштем.
Меравад аз қафои мо Оташ,
Ҳамраҳи бовафои мо Оташ…