Парчам

Парчами тоҷик садои тоҷик аст
Парчами тоҷик навои тоҷик аст
Одамиро ҳаст зарур обу ҳаво
Парчами тоҷик ҳавои тоҷик аст

Дар бараш дорад се ранги банур
Гаштаанд бо ҳамдигар се ранг ҷӯр
Сабз сафед сурх рангҳои парчаманд
Дар миёна як нишон дорад ҳузур

Маъние дорад ҳар як ранг ба худ
Ранги сурх рамзи фидои ҷуни халқ
Баҳри ҳифзи ин ватан аз аҷнабӣ
Дар замини тоҷикон рехт хуни халқ

Сафед рамзест аз бахту саодат
Сафед рамзест аз меҳру рафоқат
Зи сидқи дил кунем хизмат ба миллат
Сафед рамзест аз сидқу садоқат

Сабз бошад рамзи хушу хуррамӣ
Рамзи шукуфтани бахти одамӣ
Рамзи ҳосили фаровони ғалла
Рамзи дур будан зи қаҳтию камӣ

Тоҷикистон парчамат поянда бод
Шуҳрату шони ту афзоянда бод
Гарчӣ буд таърих бар тоҷик сиёҳ
Миллати тоҷик дурахш оянда бод

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед