ПАРТИЯИ КОМУНИСТӢ

Дар ҷаҳон
Партияҳо, –
Хурду калон бисёранд.
Номҳои ғалатӣ ҳам доранд:
“Ҳомии миллат”,
“Республикавӣ”,
“Кӯҳнапараст”
“Халқпарвар”…
Ва ба инҳо монанд,
Номашон,
Байрақашон,
Тамғаашон ранг ба ранг…

Ҳама якҷоя шуда метозанд,
Кӣ ба зорию
ба зӯрию
ба найрангу
ба ҷанг
Халқро бандаи буржу созанд.
Зада бар синаи худ мушт зи минбар ҳар як
Мзананд дод:
“Ватанхоҳам!”
Лекин
Мефурӯшанд ба зуди ҳамаро андаряк–
Халқу виҷдону
Партияи ман –ватанро ба ду тин…
Лек Партияи типи нав аст.
Номи ӯ,
Мақсади ӯ,
Маслаки он
Комунистӣ бувад, –
Ӯ бар сафи мо пешрав аст,
Доҳии коргару деҳқонон.

Кард ташкил чунин Партияро –Ленину халқ
Баҳри озодию ободии мо.
Қувваи Партию кишвари мо –Ленину халқ,
Қувваи Партияву халқ надорад ҳамто.
Ана, ин Партия –шаъну шарафи даврон аст,
боиси шодию хушбахтии мост.
Ӯ ба мо
Донишу
Ақлу
Хираду
Виҷдон аст,
Дили мо,
дидаи мо,
ҳастии мост.
Дӯстиро, ки асоси Ватану Давлати мост,
Ана, ин Партия омӯхт ба мо,
Сулҳҷӯӣ, ки нишони завару шӯҳрати мост,
Ана, ин Партия омӯхт ба мо.
Ӯ бувад: –
Байрақи озодии мо бар сари мо,
Ӯст уммеди дили пиру ҷавон.
Ӯст-Ленин – падари аъзами мо,
Меҳри ӯ дар дили мо нурафшон.
Бо ҳамин Партия
Сӯи комунизмем равон.
Комунизм, ки зафари ҳар яки мост.
Мушкиле нест дар ин роҳ, ки нагардад осон.
Партия баски ба мо раҳнамост!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед