ПАЁМИ ВАҲДАТ

Аз роҳи Оли Сомон омад паёми Ваҳдат,
Ба ёди Ҷоми Ҷам шуд лабрез ҷоми Ваҳдат.
Бо осмон бипайваст овои рӯшани дил,
Дар нури бомдоди ғарқин шоми Ваҳдат.
Зоғи ғаму ҷудоӣ аз мо париду бигзашт,
Мурғи саодат акнун хонад давоми Ваҳдат.
Дар хондани ғафлат завқи нишастанам нест,
Бар ҳар даре расонам аз дил саломи Ваҳдат.
Шодам ки аз ҷудоӣ шеъре дигар нагӯям,
Ҳар сатри оташинам бошад ба номи Ваҳдат.
Сарҷамъ бод мардум, то ки Тоҷикистон,
То ҷовидон бинмонад андар мақоми Ваҳдат.
Ояд садои Сомони аз моварои таърих:
Бошед, эй азизон, дар эҳтироми Ваҳдат.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед