Печак гул

Гули печак — бахтиёр,
Панҷаҳояш бешумор.
Намонад дар рӯйи хок
Афтодарӯҳу амнок.

Панҷаҳояш мададгор
ӯро барои ҳар кор.
Печид ба тани ниҳол,
Боло равад бемалол.

Агар ӯ тораш ёбад,
Илоҷи кораш ёбад,
Бо панҷаҳояш хазад,
Ба авҷи боло расад.

Рӯзона пинҳон шавад,
Шабҳо шукуфон шавад.
Вай мисли зарпечак нест,
Берӯю муфтхӯрак нест.

Аз реша аст иояш,
Тавони панҷаҳояш.
Гул барад, боло равад,
Маҳбуби дилҳо равад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед