Пешвои Миллат

Пурнур шаҳчароғи, эй рахнамои Миллат,
Раҳҷӯи бахти халкй, эй рахкушои Миллат.
Дастони Сулҳу Ваҳдат бо хуни дил навиштй,
Аз хишти ҷисму ҷонат кардй бинои Миллат.
Кам сарваре ба олам бо чораи фароҳам
Аз интиҳои Миллат ҷуст ибтидои Миллат.
Дар ҷону дил гирифтй аз сидк дарди Миллат,
Гаштй табиби Миллат, кардй давои Миллат.
Аз берахй кашидй то огахй Ватанро,
Аз огахии Миллат ҷустй бакои Миллат.
Киштишикаста Миллат омад ба сохил охир,
То аз Худо расидй, эй нохудои Миллат.
Ҳар бенавои қисмат аз ту навои дил ёфт,
Оҳанги бахт бинмуд, шуд ҳамнавои Миллат.
Бо чеҳраи кушода, бо ҳиммати зиёда
Бурдй ба рӯи дунё нуру сафои Миллат.
То чашми даҳр бурдй симои дилкашашро,
То минбари ҷаҳонй бурдй садои Миллат.
Байни ҳазор миллат дар чашми даҳр аён аст
Бо қомати расоят арзанда ҷои Миллат.
Аз софиат сиёсат бинмуда тарки хилат,
Бо сидк менамояд хидмат барои Миллат.
З-ин ру, карини мардум ҳасти чунон, ки акнун
Чун мардумак азизи дар дидаҳои Миллат.
Хуш ҳоли он ки ин сон бинҳода аз сари сидқ
Дилро ба роҳи Миллат, сарро ба пои Миллат.
Эй тифли Миллат аз ту ҳангоми зиндагони,
Хушноми зиндагони пурдил ниёи Миллат.
Эй ҷонудилмунаввар, эй сӯи нур раҳбар,
Аз ту зиё гирифта аҳли зиёи Миллат.
Эй раҳнамой ахтар андар самои даврон,
Эй дилфидои Миллат, эй ҷонфидои Миллат.
Шуд пеши рохи Миллат во аз ту сӯи давлат,
Пеши рахи ту во бод, эй Пешвои Миллат!
(Шеъре, ки аз дил омад, аз банда не, аё дуст,
Бар пурбаҳои Миллат бошад баҳои Миллат!)

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед