ПИЁДАГОН
Пиёдагон ки аз азал замин ба дӯш меравед,
Даме, ки хаста мешавед дар масири ҷовидон,
Чаро барои такяи шумо
Намерасад замон?
Пиёдагон ки мерасед
Аз он канораи уфуқ,
Шумо ба офтоб меравед бар гузаргаҳи ғуруб,
Шумо ба офтоб мерасед, бар нишемани тулӯъ,
Чаро сухан намекунед аз маҳалли офтоб?
Шумо ки мебаред раҳ ба сӯйи Каҳкашон
Ба азми ҳамнишинии ситорагони пок,
Дар ин раҳи фарози нур
Магар ба ғайри хеш дидаед
Ситорае, ки бошад он фаротар аз фариштагон?
Пиёдагони роҳи дур,
Саворае ки меравад ба пойи дигарон,
Магар тавонад ин раҳи шумо қарибтар кунад?
Шарҳи худро нависед