ПИСАНДИ МАН ТУ БУДӢ
Писанди ман ту будӣ
Меҳри маро фузудӣ,
Зи дидаҳо шабу рӯз
Хоби маро рабудӣ.
***
Дилро, ки ба ту додам,
Ҳар лаҳзаи ба ёдам.
Пайғом фиристи гоҳе,
Хурсанд аз ин шодам.
***
Эй сарв, Сарвинозам,
Бигӯ чи чора созам?
Ту дони ё надонӣ
Ҳам сӯзӯ ҳам гудозам?
***
Ман ошиқи ту ҳастам,
Дил бо дигар набастам.
Дар кӯчароҳи мақсуд
Биё бигир дастам,
***
Мо ки ҷавонӣ дорем
Аз ин дар ифтихорем,
Мо ки ҷавонӣ дорем.
Шарҳи худро нависед