ПИСАРИ ҲАЖДАҲУМИ КОВА

Одамизод ҳанӯз озурдаст
Аз ҳама ҷангу ҷадалҳои қадим.
Одамизод ҳанӯз ошуфтаст
Аз ҳама шӯришу балвои қадим.
То абад одамӣ хундор бувад
Аз ҳама душмани аҷдодонаш.
Кини меросии ӯ хоҳад монд
Дар сиришти ҳама авлодонаш.
Гарчи Заҳҳок бувад баста ба кӯҳ,
Гарчи ақл аст кунун гетифурӯз,
Анқариб аст шавад туъмаи мор
Писари ҳаждаҳуми Кова ҳанӯз.
Коваи досгару чаккушсоз
Оҳанеро паи қатле нагудохт,
Лек то ҳаст ниҳеби Заҳҳок,
Ханҷару гурзи гарон хоҳад сохт!
Кова зиндасту нахоҳад мурдан,
Ҷони худро зи қазо бирҳонад,
То зи Заҳҳоки ҳама давру замон
Кини ҳабдаҳ писараш настонад.
Кини ӯ нест фақат дар дили ӯ,
Кини ӯ дар дили ҳар инсон аст.
Кова як Коваи Фирдавсӣ нест,
Кова исёнгари ҳар даврон аст.
Хоса имрӯз, ки як он кофист,
То шавад зеру забар кулли ҷаҳон;
Хоса имрӯз, ки имое бас,
То шавад қасри тамаддун вайрон –
Кова ҳушёртару зиндатар аст,
Муштҳо гурзаи пуробтаранд.
Алҳазар, холигарони Заҳҳок
Писари ҳаждаҳумашро набаранд.
Гурз месозаду омодаи кин
Кова дар рӯи ҷаҳон бедор аст.
Доғи ҳабдаҳ писараш чизе нест,
Доғи абнои башар бисёр аст…
Монда дар таҳлукаи биму бало
Меравад деҳ ба деҳу шаҳр ба шаҳр,
Мезанад бар даҳани ҳар Заҳҳок,
Мекашад кини ҳама мардуми даҳр.
Меравад деҳ ба деҳу шаҳр ба шаҳр,
То ҳама сулҳу сафоҷӯ бошанд.
Ҳама абнои башар, пиндорӣ,
Писари ҳаждаҳуми ӯ бошанд…
1976

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед