ПОРАХӮР

poraxur

Нағмаи бисёр дорӣ, порахӯр,

Ростӣ, чун аждаҳорӣ, порахур.

Ҳар касе гӯяд салом аз эҳтиром,

Аз кафаш умедворӣ, орахӯр.

 

Дасти худро гар барад сӯи бағал,

Ё танашро гар бихорад ҳар маҳал,

Дар бағал дорад чизе, сози гумон

Мебарорад, интизорӣ порахӯр.

 

Ҳар кӣ орад пора бар ту чун мизоҷ,

Бошад ӯро гар ба коре эҳтиёҷ,

Пораашро беибо гириву пас,

Ҳоҷҷати ӯро барорӣ, порахур.

 

Одами бепора ояд назди ту,

Бе чизу бечора ояд назди ту,

Мекуни оворааш: «фардо биё»,

Дар раҳи ӯ чашми чорӣ, порахур.

 

Дар миёни мардумони аҳли кор,

Дар миёни ҷумлаи хешу табор,

Дар чаман андар миёни ғунчаҳо,

Гӯиё як бутта хорӣ, порахӯр.

 

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед