
ПОСБОН
Ба ҳифзи мулку мамлакат,
Мо бешумору беадад.
Дар ҳамла мо ҳамчу шер,
Ҳастем чобуку далер.
Аҷдоди мо – Сомониён,
Авлоди мо – Сомониён.
Мароми мо – бародарӣ
Мароми мо – баробарӣ
Бо ҳам ҳама бародарем,
Бо ҳам ҳама баробарем.
Ҳамеша бош бе хазон,
Эй сарзамини тоҷикон!
Зи туст авҷи кори мо,
Зи туст ифтихори мо.
Муаллиф: Раҷаббек Сайдзода Сарфароз
Шарҳи худро нависед