ПОЙТАХТИ БАХТИ МАН

Шаҳри ман, шаҳри ҷавонию баҳор,
Шаҳри ишқу орзуҳои дилам,
Дар ту сар шуд, дар ту хоҳад шуд тамом
Ошиқиҳо, ҷустуҷӯҳои дилам.
Он қадар хоҳам бароят сӯхтан
Чун чароғони шабони иди ту,
То биафзоям зи шеъри оташин
Шуълае бар оташи ҷовиди ту.
Он қадар хоҳам сафои шеъру ишқ
Ҳамчу оғӯши баҳористони ту,
То шавад баъди хазони ман зиёд
Як чанор андар чанористони ту.
Лек медонӣ магар рози маро?
Лек медонӣ ғаму андешаам?
Худ ту кардӣ дар канори равшанат
Шоирию ошиқиро пешаам.
Дар хиёбони ба номи шоире
Хонаи як хонуми сабзина аст.
Достони ишқи шӯрангези мо
Он қадар нав, он қадар дерина аст.
Аз хиёбони ба номи шоире
Чун ба гӯшам занги тилфон мерасад,
Ҳамчу эъҷози илоҳӣ дарзамон
Орзуҳоям ба сомон мерасад.
Лек ҳар гаҳ аз фазоят чун ғубор
Бар димоғам бӯи ҳиҷрон мерасад,
Дар хиёбони ба номи шоире
Шоирии ман ба поён мерасад.
Чун набинам чеҳраи сабзи варо
Зери гулборони кӯю барзанат,
Мешавад гӯӣ сари сабзам хазон,
Мешавад дастам раҳо аз доманат.
Шаҳри ишқу шаҳри ишқомӯзи ман,
Сарпарастӣ кун маро, баҳри худо,
Чашми бад дорад басо кӯю дарат,
Ишқи моро ҳифз кун аз ҳар бало.
Ишқи моро ҳифз кун аз ҳар бало,
Шод кун ҳар дам димоғи ошиқон,
То намонад дар дару деворҳот
Ҳеҷ осоре зи доғи ошиқон.
Лек ҳар вақте ки бо сад дарду доғ,
Лек ҳар вақте ки бо сад нангу ор
Аз ҷаҳон аз кӯчаи ӯ бигзарам,
Кӯчаи ӯро ба номи ман гузор!
Кӯчаи ӯро ба номи ман гузор,
Эй Душанбе, пойтахти бахти ман,
То сари шохи чанори кӯи ӯ
Шуълавар монад дили ман баъди ман!..
16.12.1979

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед