Пуштаҳо

Пуштаҳо -роҳҳои хокии ман,
Пуштаҳо ҷои хокбозии ман.
Пуштаҳо — гӯри модару падарам,
Хоку хокистари намозии ман.

Мебарад мӯр, мебарад мӯраш
Резаҳои дили маро ҳар сӯй,
Мебарад, мебарад парастуяш
Аз лаби ҷӯ гили маро ҳар сӯй.

Гӯйё буд момадояи ман
Момаборонаки баҳоронаш.
Гуиё гаҳвораам биҷунбондаст
Малахи гоҳвораҷунбонаш.

Чун қатори дулонаҳояш ман
Ҳамқаторе наметавонам дошт,
Ҳамчу дарёканори Элокаш
Ҳамканоре наметавонам дошт.

Ману маҳтобу рӯи девораш
Сояи току туту сояи бед,
Филми шабҳо кӯдакии ман аст
Филми маҳтобии сиёҳу сафед.

Чун чанори шикастапушташ нест
Пири садсола дар паси пуштам,
Нест муште чу мушти калтуташ,
Вой бар ман агар занад муштам

Дар паси пушта Сӯфиёни ман аст,
Каҳгили кулбаҳош тиллоист.
Дар паси кулбаҳо чу мактаби ман
Чордевории сафедак нест.

Дӯст дорам, ки бӯяму бӯям
Бӯи дӯди алови нонашро,
Дӯст дорам, ки бӯсаму бӯсам
Аз сари пушта осмонашро.
То наборад дигар биҷӯшондам,
Рӯзи боронӣ оби боронаш.
Оби чашми маро биҷӯшонед,
То шавад хушк ашки резонаш*
Декабри 1997 Seattle

*Мавриди боронҳои ҳафтшабу ҳафтрӯза оби боронро ҷӯшонида хушк мекардем, ки осмон хушк шавад

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед