Пуштбониҳо маро пушти даре овардааст
Сарпарастиҳои ман дарди саре овардааст,
Хушккомиҳои ман шеъри таре овардааст.
Гарчи аз парвози кӯтоҳам касе огаҳ нашуд,
Баҳри парнорустагон болу паре овардааст.
Табъи ман қонуншикан буду ба қонунаш заданд.
Боз ҳам дар нисбате қонунгаре овардааст.
Пеши ҳар кас дил кушодам беибою рӯкушод,
Рӯкушодиҳо ба рӯям ханҷаре овардааст.
Пешбиниҳо маро пеши дари номардуме,
Пуштбониҳо маро пушти даре овардааст.
Дӯстдориҳои ман бисёр душман шуд маро,
Дилнавозиҳои ман иғвогаре овардааст.
Азми ман оҳаншикан буду хушам аз он, ки ӯ
Дар муҳити мисгарон оҳангаре овардааст.
1980
Шарҳи худро нависед