ПУШТИБОНӢ

Дар ҳама Эрону Тӯрон
Ҳамнабарди Рустами дастон касе нест.
Ҳамбару ҳамбози ӯ дар рӯи дунё
Аз тамоми зодаи инсон касе нест.
Хомаи Фирдавсӣ то бошад мададгор,
Пуштбонӣ то кунад бо сеҳри нерӯи сухан
Ҳеҷ кас бар Рустами дастони ӯ
Ҳеҷ гаҳ пирӯз натвонад шудан!
Ҳеҷ зӯре, ҳеҷ ҳукме, ҳеҷ қонуне
Азми Рустамро намеёрад шикастан.
Ҳеҷ теғе, ҳеҷ марге, ҳеҷ яздоне
Риштаи умраш намеёрад гусастан.
Аз ҳама гурзи гарону теғу ханҷар,
Аз ҳама дори баланди ваҳшатангез
Бар сари Рустам гаронтар, ҷонситонтар
Ғайри ҳукми хомаи Фирдавсӣ нест!
Алғараз, ҷуз рӯҳи исёнии шоир
Ҳамсару ҳамшӯри Рустам нест, нест!
Ғайри Фирдавсию рӯҳи ҷовидонаш
Ҳеҷ кас ҳамзӯри Рустам нест, нест!
Шоирон дар ҳар замоне, ҳар маконе
Пуштбони қаҳрамонон будаанд,
Гарчи худ буданд бепушту паноҳе
Пуштбони навъи инсон будаанд.
Зиндаю мурда – ба ҳар ҳоле, ки бошанд,
Сарпарасти бепаноҳон будаанд.
Пуштбони ҳар касе гар шоире ҳаст,
Ҷовидон бар тораки ӯ афсаре ҳаст.
Пуштбони шоире гар дар ҳама афлок нест,
Эй бузургон, бок нест!..
1976

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед