ПУШТИБОНЙ
Дар ҳама Эрону Тӯрон
Ҳамнабарди Рустами дасгон касе нест.
Ҳамбару хамбози ӯ дар рӯи дунё
Аз тамоми зодаи инсон касе нест.
Хомаи Фирдавсй то бошад мададгор,
Пуппбонй то кунад бо сеҳри нерӯи сухан
Ҳеҷ кас бар Рустами дастони ӯ
Ҳеҷ гаҳ пирӯз натвонад шудан!
Ҳеҷ зӯре, ҳеҷ хукме, ҳеҷ қонуне
Азми Рустамро намеёрад шикастан.
Ҳеҷ теғе, ҳеҷ марге, ҳеҷ яздоне
Риштаи умраш намеёрад гусастан.
Аз ҳама гурзи гарону теғу ханҷар,
Аз ҳама дори баланди ваҳшатангез
Бар сари Рустам гаронтар, ҷонситонтар
Ғайрн ҳукми хомаи Фирцавсӣ нест!
Алғараз, ҷуз рӯҳи исёнии шоир
Ҳамсару ҳамшӯри Рустам нест нест!
Гайри Фирдавсию рӯҳи ҷовидонаш
Ҳеҷ кас ҳамзӯри Рустам несг, нест!
Шоирон дар ҳар замоне ҳар маконе
пуштбони қаҳрамонон будаанд,
Гарчи худ буданд бепушту паноҳе
Пуштбонн навьи инсон будаанд.
Зиндаю мурда ба ҳар ҳоле, ки бошанд,
Сарпарастн беланоҳон будаанд.
Пуштбони ҳар касе гар шоире ҳаст,
Ҷовидон бар тораки ӯ афсаре хаст.
Пуштбони шоире гар дар ҳама афлок нест.
Эй бузургон, бок нест!..
/976
ГИРЯИ КОВА БА ҲАБДАҲ ПИСАРАШ
Даруни синаи Сардам дили саднора мегиряд,
Миёни хонаи бекӯдакам гаҳвора мегиряд.
Зи базми гарми шоҳон хандаи мастона меояд,
Ба чашми ман вале ҳар хишти бурҷу бора мегиряд.
Замин — бечора, медонам, фалак бечоратар аз ӯ,
Ду бечора ба аҳволи мани бсчора мегиряд.
Замину осмон танҳо. ба гардун ахтарон ганҳо,
Хаёлам, бо мани ганҳо ҳама сайёра мегиряд.
1976