ҚАСИДАЕ БАРОИ САПЕДА

Сапеда!
Ин номи мустаори туст
барои дили ман,
барои шеъри ман,
зеро номи туро
наметавонам бигӯям ошкоро;
зеро муҳити мо –
муҳити Душанбе –
шаҳри хурди ишқи бузургон надида
барои ишқи бузург
ё ишқи бузургон
омода нест
мисли он, ки ҳар сол мебинем
барои рафъи филборонҳо,
селҳо,
барфҳои лаклакии ғайриинтизор
омода нест.
Дар ин шаҳри ҷавон,
бе манораҳои баланд
бе бурҷу бораҳои баланд
ҳоло ману ту
ду манораем,
ки мардум мебинанд
аз дуру наздик;
тамошояш
меоянд ҳар рӯз.
Маломат мекунанд,
буҳтон мезананд
ману туро –
ғофил аз лаззати сармади ишқ,
аз шукӯҳи давлати ишқ,
аммо бештар аз ману ту
орзуманди он
ё бадномшуда
ва нангхурдаи он…
Сапеда!
Ин номро ишқи ман барои ту гузошт,
зеро як шуълаи андомат
аз дурахши номат,
аз нози чашмонат –
чашмони фаттонат;
аз ишқи содаат чун тулӯи хуршед
дар дилам сапеда дамид
ва ҳама гӯшаҳои торики диламро
сафед кард,
ва донистам, ки ту сапедаи умеди манӣ,
ва донистам, ки шеъри сафед ҳақ медиҳад,
то ба номи Сапеда,
Куллиёти ашъор 205
яъне исми ту дар шеъри ман –
ниҳон аз анкабутони туҳматбоф
шеъри сафед бигӯям.
Эй тобонтарин
шуълаи ишқи инсонии ман!
Саропои вуҷуди ту
мисли рӯзи нав,
мисли созу сӯзи нав,
чун тулӯи бахт, тулӯи ишқ,
мисли мардумаки чашмони ту
пок аст
ва мисли табъи ман
бебок аст!
Ту ҳар бор занн мебарӣ,
рашк мекунӣ,
ки гӯё аз ту рафта бошам.
На! На!
Беҳтар он аст, ки аз дунё биравам,
то аз ту бесару садо биравам!
Ман аз ту нарафтаам,
ту ҳам аз ман нарафтаӣ,
ману ту
мисли шохоби як рӯд
як рӯди пуршӯри кӯҳистони мо
алҳол ҷудоем,
аммо дар ниҳоят
бо ҳам меоем,
ҳамшӯр мешавем,
ҳамҷӯр мешавем.
Ва он гоҳ
(Худо хайрашон диҳад!)
мардуми мо,
мардуме, ки ишқи бузург мехоҳанд,
аммо боз хораш мекунанд;
мардуме, ки шоири бузург мехоҳанд,
аммо боз сангсораш мекунанд;
мардуме, ки ҳунарвари бузург мехоҳанд,
аммо боз ночораш мекунанд,
ишқи туро,
шеъри маро
як рӯз баъди сари мо
меҳроб мекунанд,
саҷда мекунанд
ва ҳатто афсӯс ҳам мехуранд,
ки чаро гузаштагон –
(Ҳоло муосирони ману ту!
Умрашон дароз бод!)
қадри моро надонистанд?
Қадри неъмат – баъд аз завол…
Аҷабтар он аст,
ки он «гузаштагон»
ҳоло зиндаанд,
аммо қодир нестанд
ба ҷои афсӯси баъд
ҳозир ғами мо бихуранд,
ё дасти кам
ба ишқи мо
лакка назананд.
Аммо
ману ту ҳоло
нақди бахт
ё нақди вақт дорем.
Метавонем
ҳамдигарро
бибӯсем,
бо ҳам биҷӯшем
оби оташ бинӯшем,
бо ҳам биболем,
бо ҳам бинолем
ва аз нашъаи бӯсаҳои ошиқона
ва шоирона
ҷо ба ҷо бимирем
дар оғӯши кушода
мисли оғӯши замин,
мисли канори дунё
ва колбади моро
печида бо ҳам
дар оғӯши ошкоро
бигзоранд ба хок…
Охир ин бахт аст
бахти комил, мутлақ,
ҳасадовар, рашкангез;
барои инсони хокӣ
аз юмни муҳаббат
насиб мешавад…
Эй Сапеда!
Сапедаи ишқи ман!
Ишқи моро надонистанд,
нафаҳмиданд
ё саҳеҳтар бигӯям,
ёрои фаҳмидан надоштанд,
зеро барои дуродурро дидан
чашми дурбин бояд;
зерои барои тасхири кӯҳи баланд
рӯҳи баланд бояд…
Ишқи мо
чун баҳори исодаме буд,
ки ҳама
206 Лоиқ Шералӣ
дар тазйиқи замҳарир
интизораш доштанд,
аммо чун фаро расид,
ин ғофилон
аз паи иҷрои пилон
баҳорро нодида монданд,
сафҳаи баргеро
аз гулистонаш нахонданд.
Аммо
ифтихори ман ин аст,
ки рӯзе
бо ин ҳама ғафлатзадагон
(дар зиндагӣ ё дар қиёмат)
рӯҳи мо рӯ ба рӯ мешавад
ва мебинем,
ки бар бахти сафеди мо
чун бар коғази сафед
мисли пеши қариндош
чи дастҳо
нақши сиёҳ рондаанд.
Аммо ба рағми ин сияҳдилон
ман рӯсафед хоҳам буд
рӯ ба рӯи дили сафеди ту,
зеро бар қасди ҳоли табоҳ
ва рӯзи сиёҳ
ё бахти сиёҳ
туро фаромӯш накардаам
ва шеъри сафед гуфтаам;
баски номи ту
барои дили ман,
барои шеъри ман Сапеда буд…
* * *
Оҳ, агар боз туро медидам,
Сар ба пою қадамат месудам.
Аз ҳама печу хами ҷодаи умр
Дар хами зулфи ту меосудам.
Мешикастам ҳама армони дилам
Дар сари зулфи шикан дар шиканат.
Бахти пажмурдаи ман гул мекард
Чун гули рӯи чаман дар чаманат.
Мекашидам зи ҳама дастон даст,
Мекушодам пари парвози баланд.
Шодбахтам! Ба суи ҳафт фалак
Мезадам дод ба овози баланд.
Менишастам ба барат чашм ба чашм,
Як қадам аз ту намерафтам дур.
Як қадам дур намерафтам ҳеҷ
Аз дари хонаи ту то дари гӯр.
Дар канори ҳама дунё умре
Нашъаи атри канорат бас буд.
Ахтари бахт намеҷустам ман,
Ахтари чашми хуморат бас буд.
Шояд он вақт сухан на зи фироқ,
Ё ғами дилшиканат мегуфтам.
Беҳтарин шеъри дилангезамро
Балки аз як суханат мегуфтам.
Ҳолиё монда дили пурҳасрат
Аз мани дилшудаю дилдода.
Аз чунон хирмани пурбори умед
Монда мушти кафаку пасбода…
Оҳ, агар боз туро медидам,
Доғи ишқи ту намебурдам ман.
Хӯрда ғамҳои ту мемурдам, лек
Хӯрда афсӯс, намемурдам ман…
* * *
Баъди чанде, ки басо об зи сарҳо гузарад,
Баҳри ту хотирае беш нахоҳам будан.
Гар аз он манзараҳо гоҳ-гаҳе ёд кунӣ,
Пораи манзарае беш нахоҳам будан.
Чун баҳор ояду Наврӯз шавад гулгардон,
Шоядо аз назарат масту ғазалхон гузарам.
Рӯзи боронӣ агар тар шавӣ сар то ба қадам,
Шояд аз ёди ту чун қатраи борон гузарам.
Байни кӯҳу дараҳо чун биравӣ сайри баҳор,
Гули бодом бубиниву маро ёд кунӣ.
Зери он шаршара оӣ, ки маро медонист,
Даст бар гарданаш андозию фарёд кунӣ.
Ёд орӣ зи баҳори ману сарсабзии ман
Чун ба пойиз нишинад ба сарат барги хазон.
Дили ороми ту як лаҳза ба ларзиш ояд,
Ки куҷо шуд ҳама он тозагию бахти ҷавон.
Дар лаби рӯд нишинӣ, ки нафас тоза кунӣ,
Мавҷи эҳсоси маро ёд кунӣ бетардид.
Сӯи гирдоб бубинӣ, ки ба худ мепечад,
Ёд орӣ зи сарам, к-аз сари ту мегардид.
Баъди ҳар як сафари дур, ки баргардӣ боз
Ба Душанбе, ба Душанбеи шукуфону ҷавон,
Бингарӣ ҷониби он ваъдагаҳи дерина
Гӯӣ истода манам, омаданатро нигарон.
Дафтари хотираатро бикушоӣ ҳар бор,
Ғазале хонию дарёбӣ, ки дар шони ту буд.
Худ ба худ ханда кунӣ, фахр кунӣ – соҳиби он
Як замон шефтаи гесуи афшони ту буд.
Баъди чанде, ки басо об зи сарҳо гузарад,
Баҳри ту хотирае беш нахоҳам будан.
Баъди чанди дигаре, к-аз сари дунё гузарам,
Лавҳаи мақбарае беш нахоҳам будан…
* * *
Худ ба худ хандида мерафтӣ зи роҳ,
Одамон девона мепиндоштанд.
Мардуми чашмат пур аз дидори ёр,
Ту намедидӣ, ки одамҳостанд.
Андар он як лаҳзаи эҳдои бахт
Мисли ту хушбахт дар олам набуд.
Мисли ту хандонлабу болидаҷон
Ё агар ҳам буд, дар он дам набуд.
Аз чӣ механдидӣ? Одамҳои роҳ
Ҷумла ҳайрон мегузаштанд аз барат.
Баъзе аз рафтори ту лаб мегазид,
Баъзе механдид аз пушти сарат.
Мегузаштӣ аз миёни издиҳом,
Пеши чашмат як нигаҳ, як ханда буд.
Як нигаҳ, як хандае, ки ногаҳон
Дар дилу ҷонат шарор афканда буд.
Мегузаштӣ аз миёни шаҳриён
Рустойидухтари навомада.
Масти бахшишҳои ширини умед,
Масти сӯзишҳои аз дил рухзада.
Мегузаштиву касе огаҳ набуд,
Ки ту бӯе бурдаӣ аз рози ишқ.
Ҳам ту худ огаҳ набудӣ, к-он нафас
Шӯр мезад дар дилат оғози ишқ…
* * *
Соате, ки ту ҳадяам кардӣ,
Муддате мешумурд шодии ишқ,
Муддате мерасонд пайки умед,
Муддате буд ҳам мунодии ишқ.
Соате, ки ту ҳадяам кардӣ,
Муддате менамуд соати ишқ –
Соати хушгувори зарбати дил,
Соати хушгузори тоати ишқ.
Лек имрӯз, эй дареғ, эй дод,
Соатат соати ҷазои дил аст.
Лек имрӯз доду сад фарёд,
Соатат соати азои дил аст.
Баски имрӯз мешуморад он
Вопасин лаҳзаҳои ҷонамро.
Баски имрӯз мешуморад он
Вопасин ларзаҳои ҷонамро…
* * *
Хуштарин рӯзи ҷавониям буд,
Ки туро низ ҷавон дидам ман.
Балки он рӯз зи ду рӯи хушат
Хушии рӯи ҷаҳон дидам ман.
Мегузаштӣ зи раҳи пуродам,
Одамон бешу ту якто будӣ.
Дарзамон ёфтам аз чеҳраи ту:
Одамон ҷамъу ту танҳо будӣ.
Мегузаштӣ зи раҳи худ ором,
Лек дар чеҳраат оромӣ набуд.
Гӯиё хуш будӣ аз будани хеш,
Лек дар ту зи хушӣ номе набуд.
Хира мондам ба ту дар роҳи гузар,
Бар тазоди дилу ойинаи рӯт.
Баски андар назари шоириям
Рӯят ойинаи ғамҳоят буд.
Ман туро дида, маро нодида
Ту гузаштӣ зи раҳи худ танҳо
Ончунон ки касе парво накунад
Дар пиёдагузару барзанҳо.
Баъд аз рӯзи дигар, шукри насиб,
Боз дар роҳ туро дидам ман,
На зи ту, на зи ғурури нигаҳат,
Аз ғами ишқи ту тарсидам ман,
Ки мабодо ба ягон варта фитам,
Ки мабодо зи ҷаҳон сер шавам,
Ки мабодо биравам аз худи худ,
Дар ҷавонӣ зи алам пир шавам.
Навхате будаму навмашқи сухан,
Ман ғами ишқ намедонистам.
Баски бо содадилӣ дар олам
Олами ишқ намедонистам.
Баъд ман дар ғами ту афтодам,
Ваҳ, чи ғамҳои ту ширин буданд.
Ранг дар ранг ҳамесӯхт дилам,
Ҷилваҳои ту ки рангин буданд.
Баъд ғамҳот ҳама маҳзи сурур,
Баъд ғамҳот дилосо буданд.
Хандаҳои ту ба истиқболам
Гӯиё хандаи дунё буданд.
Шукри он рӯзи ҷавонӣ, ки туро
Дар ҷавоним ҷавон дидам ман.
Баъд то аз ғами ту дур шудам,
Кулли ғамҳои ҷаҳон дидам ман.
Кош ғамҳои ту акнун бошанд
К-аз ҳама дахмаса эман бошам.
Кош он рӯзи ҷавонӣ бошад
Ки ту ту бошию ман ман бошам…
* * *
Ман туро дар чашм аз шаҳре ба шаҳре бурдаам,
Аз диёре бар диёре дар дилам овардаам.
Ман туро дар ҷони муштоқи ҳаваспарварди худ
Ҳамчу шеъри беҳтарини хештан парвардаам.
Ман туро дар орзуҳои наҷиби хештан
Дидаам, донистаам ҳамчун ҳабиби хештан.
Гарчи ҳар касро ба қадри боли ӯ парвози ӯст,
Гарчи ҳар кас гирад аз дунё насиби хештан.
Ман туро баҳри дилам мадди таманно кардаам,
Ман туро баҳри дилам дар шеър пайдо кардаам.
Ёди ту чун дафтари ашъори рангин бо ман.
14.02.1589

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед