ҚИТЪАИ ШЕЪР
Диле дорӣ, ки дар он Осиё гунҷад,
Дар ӯ шӯру қиёми осиён гунҷад,
Дар ӯ занҷирҳо бигсаста аз дасти ғуломон,
Дар ӯ ишкелҳо бишкаста дар пои асирон,
Дар ӯ яксон шуда зиндону маҳбасҳо,
Дар ӯ ҷо нест бар малъуну нокасҳо.
Варо ишқ ошён хонда,
Дар ӯ сулҳ ошён монда
Ба монанди парасту дар баҳорон.
Дар ӯ рашку хусумат нест,
Дар ӯ гарде хушунат нест.
Дар ӯ аз ганҷҳои ҷовидона
Ба ҷуз ганҷи сухан, ганҷи муҳаббат нест.
Хушоянд он қадар буда,
Ки муҳтоҷи хушомад нест…
Дар ӯ Варзоб меҷӯшад,
Дар ӯ Ниле чу озодипарастон мекунад исён –
Чу медонам, ки маҷрои ҳама дарёст
дарёи дили шоир,
Чу медонам, ки дунёи ҳама савдост
дунёи дили шоир,
Намедонам чӣ ҷои нисбат аст, аммо
Накӯ донам, ки ҳар як шоири шӯрида
бо ҳар қитъаи шеъраш
ба ҳукми қитъаи дунёст,
Ки то боқист, истиқлол мехоҳад.
Накӯ донам, ки шоир восили ҳол асту истиқбол,
Агар ҳар қитъа шеъраш бо забони ҳол фармояд,
ки истиқбол мехоҳад.
Ту дар ҳар ҳолат, эй устод,
бо ҳар қитъаи шеърат
Кушодӣ роҳ бар ҳар қитъаи олам,
Бубахшидӣ паи беҳбудии дунё,
паи дилёбии одам сурудатро!
Вуҷудатро!
Кунун рӯди Қаротоғ аз миёни кӯҳсорон
рӯ ба сӯи баҳрҳо ҷорист.
Кунун ӯ ошно гашта ба уқёнусу дарёҳо,
Варо дарёи назми ту, каломи ту,
Варо иқдоми ту, роҳу мароми ту
Ба дарёҳои олам роҳ бикшодаст,
Ки бо ҳар қатрааш ҳар гоҳ бо баҳре биомезад,
Бигӯяд бо забони ту, ки ӯ аз Шарқи озод аст.
* * *
Чу Турсунзода бо боли замона
Накардам сайр ақсои ҷаҳонро.
Надидам обшорони Ниагар,
На Эронрову на Ҳиндустонро.
Нахурдам оби Гангу Зиндарӯдаш,
Нашустам рӯ дар уқёнуси Ором,
Ба чашмам санги асвадро надидам,
Накардам ламс боре санги аҳром.
Ман аз ашъори ӯ хондам, ки дунёст
Кашокашхонаи мағлубу фирӯз;
Ки Дунё нест танҳо хӯрду хобе,
Ва ё як рангбозии шабу рӯз.
Ман аз ашъори ӯ хондам, ки дунё
Ба рӯзи бад надорад хатти масдуд.
Дар ӯ як хона аз як шуъла сӯзад,
Бигардад сад ҳазорон хона нобуд…
Агарчи хоб мебинам ҳама шаб
Чу рӯъё шаҳрҳои дурдасте,
Агарчи ларза дар ҷонам фикандаст
Ҷаҳон бо ин ҳама зарбу шикасте,
Дилам хоҳад равам пеш аз сапеда
Бихонам лавҳи гӯри мурдаҳоро.
Бидонам, то чӣ фарҷом асту подош
Фузунхурда ва ё камхурдаҳоро…
Куллиёти ашъор 285
Дар он ҷо ҷумла яксонанду якранг,
Чаро ин ҷо ҳама ҳар ранг бошанд?
Чу битвон беҷидолу ҷанг ҳам мурд,
Чаро мардум фидои ҷанг бошанд?
Агар ин ҷангу ғавғою такутоз
Барои қисмати ганҷи ҷаҳонист,
Ба дунё ҳеҷ ганҷе беҳ зи ҳастӣ –
Зи умри одаму аз одамон нест.
Замин яктост ҳамчун Модар, аммо
Фақат фарқе миёни ину он аст.
Барои ман Замин сарҳад надорад,
Фақат сарҳад миёни ду ҷаҳон аст…
Ҳама зӯру ҳама доност, аммо
Касе аз зиндагӣ пирӯзтар нест.
Касе бар зиндагӣ пирӯзӣ хоҳад,
Аз ӯ мағлубтар, бадрӯзтар нест.
… Намондам хориҷ аз ҳадди Ватан пой,
Накардам сайр ақсои ҷаҳонро.
Вале монанди ҳар фарзанди инсон
Хурам ҳар лаҳза ғамҳои ҷаҳонро…
26.6.1974