РӮДИ СИР

Сирре надорад рӯди Сир
Ҷуз ҳоҷати лабташнагон.
Сар мезанад бар ду канор
Ҳамчун сари саргаштагон,
Дар тобу таб ҳар рӯзу шаб
Ҳамчун дили дилбастагон –
Дарёи Сайҳун меравад,
Дар дил шабохун меравад.
Ёбад, ки мардум ошиқанд,
Аз хеш берун меравад.
Шӯридаҷон, ошуфтадил
Маҷнун ба ҳомун меравад.
Лабрези ашки модарон
Андар фироқи аскарон,
Лабрези ишқи зиндагӣ.
Мисли дили гулдухтарон,
Гаҳ нарм гӯӣ парниён,
Гаҳ тунд чун исёнгарон –
Дарёи Сайҳун меравад,
Дар дил шабохун меравад,
Ранги ғазалҳои Камол
Бо чанд мазмун меравад.
Дар ҳасрати Темурмалик
Аз синааш хун меравад.
Дорад таманное ба дил,
Дунёи савдое ба дил.
Сирри ба кас ногуфтае
Шодию ғамҳое ба дил.
Ҷонсӯзи имрӯзи Ватан,
Уммеди фардое ба дил –
Дарёи Сайҳун меравад
Ҳамшӯри Ҷайҳун меравад.
Ором чун пири хирад,
Бо сеҳру афсун меравад,
Кам мешавад дар раҳ, вале
Бо меҳри афзун меравад.
11.1.1983

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед