РӮҲИ РАХШ
Аз фазои мулки Эрон то фазои мулки Тӯрон —
Аз Сиистон то Куҳистон,
Аз Хуросон то Бадахшон,
Аз фазои лоҷварди мулки Ховар
То фазои нилфоми Ьохтар
Ёлҳояш ғарқи нури субхгоқй
Чашмҳояш чашмаи нури ипоҳӣ
Мепарад рӯхе дурахшон
Ҳамчу рӯхи иоки Эрон.
Ғарқаи нури камони Рустам аст,
Ёлафшон мепарад дар осмонҳо
Шиҳааш бар ғӯш ояд
Аз фарози Каҳкашонҳо.
Шиҳааш дорад танини ҷовидон
Дар замонҳо, дар маконҳо,
Рӯҳи ӯ рӯҳи бузургист —
Зинда бошад бо заминҳо. бо замонхо.
Рӯзгоре бори Рустамро бибардошт,
Олам аз нирӯи яздонии Рустам бохабар шуд.
Рустам акнун рафта бар хоби абад,
Рӯзгори Ковусу Кай ҳам ба сар шуд.
Ӯ ҳам акнун рӯҳи исёнии ором аст,
Ӯ ҳам акнун руҳи озодии айём аст.
Чанд дашти корзораш пушти сар шуд,
То чаҳон аз зиндагонию амонӣ баҳравар шуд.
Ин замон баргусгувонро пора карда.
Мепарад ӯ, мепарад то ҷовидон
Ҳамчу рӯҳи поки Эрон
Дар фазои дури кайҳон…
Гӯри ӯ паҳлӯи гӯри Рустам аст,
Гӯри ӯ тимсоли ӯст
Яъне болои сари Рустам ба по истодааст.
Ҳамчу он Рахши сабукбол,
Ҳамчу он Рахши накӯфол
Бар набарди навбатй омода аст.
Ё мисо.тн посбони рӯхи инсон
Гӯшхоро бар садохои замину осмон бикшодааст —
Аз куҷое гар расад бар гӯши ӯ табли хатар,
Мекунад бедор Рустамро зи хоби ҷовидон
Бахри хифзи ҷони инсон!
1976